АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ, 17 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳи мошингарди деҳаи Зафаробод шинос шуданд.
Роҳи мазкур аҳамияти маҳаллӣ дошта, дар масофаи 4 километр тӯл мекашад. Корҳои мумфаршкунӣ бо дастгирии сокинони маҳал амалӣ гардида, барои беҳтар намудани ҳолати роҳ ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати нақлиёт равона шудаанд.
Мумфарш шудани роҳи мошингард на танҳо мушкилоти сокинони деҳаи Зафарободро бартараф менамояд, балки рафтуомади сокинони деҳаҳои ҳамсояро ба маркази ноҳия ва ноҳияи ҳамсояи Хуросон низ осон хоҳад кард.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Хатлон бо сокинони маҳал суҳбат намуда, саҳми онҳоро дар ободонии диёр баланд арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои созанда ва корҳои ободониву бунёдкорӣ, ки бо саҳми аҳолӣ амалӣ мешаванд, ба нафъи ҷомеа буда, дар беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ нақши муҳим доранд. Ҳамчунин, чунин иқдомҳои созанда дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии насли наврас таъсири мусбат мерасонанд.
Раиси вилояти Хатлон ба ташаббускорон ва сокинони маҳал барои саҳми арзандаашон дар ободонии роҳ ва рушди маҳал изҳори сипос намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

