АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ, 17 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои нави бунгоҳи тиббиро дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Вахшон ба истифода доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои бунгоҳи тиббӣ моҳи марти соли 2026 бо саҳми сокинони маҳал оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Барои бунёди иншооти мазкур дар маҷмӯъ 400 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.
Бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои расонидани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони деҳа имконияти мусоид фароҳам меорад. Акнун аҳолии маҳал метавонад барои гирифтани хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ аз имкониятҳои бунгоҳи нав истифода намояд.
Зимни шиносоӣ бо иншоот Раиси вилояти Хатлон бо сокинони деҳа суҳбат намуда, ташаббуси созандаи онҳоро дар самти ободонӣ ва бунёди иншооти иҷтимоӣ шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки саҳми сокинон дар ободонии маҳал ва бунёди иншооти иҷтимоӣ метавонад барои дигарон намунаи ибрат бошад. Чунин иқдомҳо дар беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии аҳолӣ нақши муҳим доранд.
Сокинони деҳаи «Шаҳристон» изҳор доштанд, ки ба истифода додани бунгоҳи нави тиббӣ барои сари вақт гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар маҳал мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

