КӮШОНИЁН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ


Имрӯз, 26 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Элтии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ноҳияи Кӯшониён ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Бегиҷон” шинос шуданд.

Мусоев Раҳимҷон, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Бегиҷон” иттилоъ доданд, ки масоҳати хоҷагӣ 5,85 гектар буда, дар масоҳати 4 гектар кишти пиёзи барвақтиро ба роҳ монда, айни ҳол барои ҷамъоварӣ омода мебошад. Дар 1,85 гектар қитъаи замини хоҷагӣ бунёди боғ бо ташкили дарахтони зардолу, шафтолу, олу ва гелос ба роҳ монда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон бо истифода аз боду ҳаво ва обу хоки зархез, ҳар қитъа замини корами обӣ, мақсаднок истифода гашта, дар баробари рӯёнидани ҳосили фаровони меваву сабзавоти барвақтӣ, барзгарон аллакай ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шурӯъ намудаанд.


Инчунин, раиси хоҷагӣ гуфтанд, ки аз як гектар то 60 тонна пиёз ҳосил мерӯёнанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Бегиҷон” ба кори кишоварзон баҳои баланд дода, саҳмдоронро ба истифодаи боз ҳам пурсамари ҳар порча замин ҳидоят намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки хоҷагидорон ҳамасола ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин, ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles