ХАТЛОН. ТАЪИНОТИ КАДРӢ


Имрӯз, 30 январ, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи назди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид, ки дар он масъалаи таъиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баррасӣ шуд.

Нахуст, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аҳли толоро бо ғалабаи таърихии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб табрик намуданд.

Сипас, Убайдуллозода Фаррух Сафаралӣ, мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси вилоят қарорҳои раиси вилоятро хонданд.

Бо қарори раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва дар асоси розигии хаттии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2024 Мирзозода Музаффар Бурҳон ба вазифаи муовини якуми раис, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ба вазифаи муовини раис, Абдусаломзода Анзурат Абдусалом ба вазифаи муовини раиси вилоят таъин гардиданд.

Раиси вилоят муовинони навтаъинро ба ин вазифаи ниҳоят пурмасъул табрик намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат талош намоянд.

Муовинони навтаъин зимни баромади худ арзу сипосгузории худро ба Роҳбари давлат барои таъин намудан ба ин мансабҳои баланд баён дошта, ваъда доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва раиси вилоят ҳамеша талош хоҳанд кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles