ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

 


Имрӯз, 27 январ, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Раиси вилоят дар ибтидо қайд намуданд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад.

Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.

Таъкид гардид, ки давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба кашонидани хати оби нӯшокӣ ба деҳаи Шӯрчашма, расонидани кӯмаки молиявӣ, гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмак барои таъмиру азнавсозии мактаби рақами 53, ҷудо намудани замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ дар ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазов, таъмин намудани трансформатор барои деҳаи Пушёни Поён, оид ба расонидани кӯмак барои беморон, ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дархости мусоидати раиси вилоятро карданд.


Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони сохторҳои ноҳияи Восеъ мулоқот анҷом доданд.

Раиси вилоят оид ба таъмини иҷрои нақшаи андоз, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаҳои атроф, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу мусобиқаҳо, расидан ба арзи мардум вазифаи меҳварии ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles