ДАВЛАТАЛӢ САИД БО МУРАТ СЕИТНЕПЕСОВ МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРИРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

БОХТАР, 22 октябр. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест–2026» раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси Кумитаи миллии Палатаи байналмилалии савдо (ICC) дар Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи «Каспияи Бузург» Мурат Сеитнепесов мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуда, ба рушди муносибатҳои судманд дар оянда изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоятро муаррифӣ намуда, зикр карданд, ки дар минтақа барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва густариши ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ заминаҳои мусоид мавҷуданд. Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон бо аҳолии беш аз 4 миллион нафар дорои имкониятҳои назаррас дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва тиҷорат мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ, рушди ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин, истифодаи имкониятҳои низоми бонкӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаи энергетика, аз ҷумла рушди гидроэнергетика, истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунӣ ва назорати иншооти энергетикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсоли неруи барқ баррасӣ намуданд. Дар ин замина, истифодаи панелҳои офтобӣ ва ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии муосир низ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Мурат Сеитнепесов барои густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо вилояти Хатлон изҳори ҳавасмандӣ намуда, таъкид кард, ки дар сурати пешниҳод гардидани лоиҳаҳои мушаххас имкониятҳои ҳамкорӣ ва ҷалби шарикони сармоягузор мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва баррасии ташаббусҳои нави сармоягузорӣ таъкид намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles