БОХТАР, 22 октябр. Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид. Дар ҳамоиш тақрибан 1000 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Ҳадафи асосии форум муаррифии имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ буд.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд ва ширкатҳои сармоягузории ватаниву хориҷӣ иштирок карданд. Дар оғози форум меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон боздид намуда, бо иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои иқтисодии минтақа шинос шуданд.
Дар қисмати ифтитоҳии форум раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода суханронӣ карданд.
Ҳамчунин, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Раббалан, роҳбари Намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ва роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушди иқтисодӣ ибрози назар намуданд.
Дар форум инчунин устондори вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Музаффарӣ, муовини раиси Ҳукумати вилояти Пенза — вазири кишоварзии ин вилоят Роман Калентьев ва президенти Ассотсиатсияи «Каспияи Бузург», раиси Кумитаи миллии Палатаи байналмилалии савдо (ICC) дар Тоҷикистон Мурат Сеитнепесов иштирок намуда, масъалаҳои густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд.
Дар доираи форум се панели соҳавӣ баргузор гардид. Панели якум ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза бахшида шуда, модератори он муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Аварӣ буд. Дар ин бахш масъалаҳои рушди агробизнес, кишоварзии органикӣ, рақамикунонии соҳа, таъсиси марказҳои агрологистикӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ баррасӣ шуданд.
Панели дуюм ба рушди саноат ҳамчун омили асосии рушди иқтисодиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон бахшида шуд. Модератори он Абдумаҷид Сафарзода, ректори Донишкадаи байналмилалии Данғара, буд. Иштирокчиён масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтори логистикӣ ва механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузориро муҳокима карданд.
Панели сеюм ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва логистика бахшида шуда, модератори он Ҷамолзода Абдуғафор, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, буд. Дар ин бахш масъалаҳои рушди долонҳои логистикӣ ва транзитӣ, ҳамкориҳои молиявӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, мулоқотҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар шакли B2B баргузор гардида, ҷонибҳо имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро муҳокима намуданд.
Дар натиҷаи форум 31 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд. Созишномаҳои мазкур ба рушди соҳибкорӣ, татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ нигаронида шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид карданд, ки натиҷаҳои форум бояд дар татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нав, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, тавсеаи содирот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ таҷассум ёбанд. Ӯ омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро барои дастгирии ташаббусҳои сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат бо шарикони дохилию хориҷӣ изҳор дошт.
Барномаи форум рӯзи 23 октябр бо сафари иштирокчиён ба шаҳри Норак ва иштирок дар Фестивали «Анор» идома меёбад. Ҳамчунин, боздид аз минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ пешбинӣ шудааст.
Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» барои муаррифии иқтидори иқтисодию истеҳсолии вилояти Хатлон, ҷалби сармояи нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

