Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 15 октябри соли 2026, таҳти рақами 269 «Дар бораи таҷлили ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
Тибқи қарори мазкур, ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2031 таҷлил гардида, ҳайати Кумитаи тадорукоти ҷашн бо роҳбарии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тасдиқ шудааст.
Мутобиқи қарор, Кумитаи тадорукот дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вазифадор гардидааст, ки дар муҳлати се моҳ нақшаи чорабиниҳои марбут ба таҷлили ҷашни мазкурро таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2026, таҳти рақами 1224 «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ба имзо расида буд.
Соли ҷорӣ мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни таърихӣ 8416 иншооти гуногун бунёду азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, симои деҳот, шаҳрак ва шаҳру ноҳияҳо ба таври назаррас дигаргун гардид.
Таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатӣ низ дар заминаи омодагии ҳамаҷониба, татбиқи нақшаҳои чорабиниҳо ва идомаи корҳои ободонию созандагӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

