Ҳамдиёрони азиз!
Фарорасии ҷашни бостонии Меҳргон, ки бо расидани фасли тирамоҳи заррин, самараи заҳмати деҳқонон ва фаровонии неъматҳои табиат тавъам аст, ба ҳар яки шумо муборак бошад!
Меҳргон аз он ҷашнҳои куҳанбунёди миллии мост, ки дар оинаи таърих на танҳо расму ойинҳои ниёгон, балки ҷаҳонбинии зиндагисоз, эҳтиром ба табиат ва арҷгузорӣ ба заҳмати инсонро таҷассум мекунад. Ин ҷашн аз рӯзгори дури аҷдодон то ба замони мо расида, дар ҳар давру замон пайванди инсонро бо замин, шукру сипоси инсонро дар фаровонӣ ва маънии меҳрро дар ҳамбастагии мардум бозтоб додааст.
Меҳргон аз решаҳои амиқи фарҳанги ориёӣ сарчашма гирифта, дар анъанаҳои мардумони эронитабор ҳамчун ҷашни меҳр, рӯшноӣ, ҳосил ва сипосгузорӣ аз неъматҳои офаридаи табиат шинохта шудааст. Дар ривоятҳои куҳан фаро расидани Меҳргонро ба пирӯзии адолат бар зулм ва раҳоии мардум аз ситам нисбат медиҳанд. Дар осори адабию таърихии ниёгон ин ҷашн бо шодиву нишот, дастархони пурнеъмат, ҳадяҳои рамзӣ ва ҷамъомади мардумӣ тавсиф шудааст. Ниёгони мо бо таҷлили Меҳргон нишон медодан, ки баракати зиндагӣ аз меҳнату талош, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибати оқилона бо табиат сарчашма мегирад.
Агар Наврӯз муждаи эҳёи табиат ва оғози давраи нави кишту кор бошад, Меҳргон пайғоми самараи заҳмат, расидани донаи кошта ба ҳосил ва шукӯҳи баракати дастранҷи инсон аст. Дар ин маънӣ, ду ҷашни бостонии мо ду боби як китоби бузурги зиндагиянд: яке аз умеду оғоз ва дигаре аз натиҷа, фаровонӣ ва сипос сухан мегӯяд. Аз ҳамин ҷост, ки Меҳргонро метавон ҷашни пайванди орзу бо амал, ният бо натиҷа ва заҳмати инсон бо неъмати замин донист.
Барои мардуми сарбаланди Хатлон, ки зиндагии бисёре аз хонаводаҳо бо замин, об, боғу токзор ва киштзор иртиботи ногусастанӣ дорад, Меҳргон маънии хоса пайдо мекунад. Вилояти мо бо иқлими мусоид, заминҳои ҳосилхез ва имкониятҳои фаровони кишоварзӣ яке аз минтақаҳои муҳими истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар кишвар ба шумор меравад. Аз саҳроҳои пахтазор то боғҳои пурнеъмат, аз заминҳои гандуму сабзавот то токзорҳои пурбор, ҳар гӯшаи Хатлон достони заҳмати инсон ва саховати табиатро ба забони худ нақл мекунад.
Дар паси ҳар хирмани гандум, ҳар сабади мева ва ҳар ҳосили фаровон заҳмати шабонарӯзии деҳқоне нуҳуфтааст, ки бо умед дона мекорад, ба замин ғамхорӣ мекунад, бо гармию сармо месозад ва то расидани ҳосил аз талош даст намекашад. Деҳқон танҳо истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ нест; ӯ посдори анъанаҳои зиндагисози мардум, таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва бунёдгузори фаровонии рӯзгори ҷомеа мебошад. Арҷ гузоштан ба меҳнати деҳқон, дар асл, арҷ гузоштан ба нону неъмат, ба зиндагии осудаи мардум ва ба ояндаи ободи кишвар аст.
Меҳргон моро водор месозад, ки ба замин на танҳо ҳамчун сарчашмаи даромад, балки ҳамчун амонати гаронбаҳои наслҳо муносибат кунем. Ҳифзи ҳосилхезии замин, истифодаи оқилонаи об, ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ, парвариши зироатҳои серҳосил, рушди боғдорӣ ва чорводорӣ, коркарди маҳсулот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти деҳқонону соҳибкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки аҳаммияти ин ҷашни бостониро дар рӯзгори имрӯза боз ҳам бештар мекунанд. Маҳз бо чунин муносибат мо метавонем суннатҳои ниёгонро ба талаботи замон пайванд дода, заминаи зиндагии шоиста ва рушди устувори деҳотро фароҳам созем.
Хушбахтона, эҳёи Меҳргон ва арҷгузорӣ ба дигар арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи тоза ворид гардид. Бо дастгирии пайвастаи Сарвари давлат ҷашнҳои миллии мо, ки дар тӯли таърих ҳофизаи фарҳангӣ ва ҳувияти мардумро ҳифз кардаанд, аз нав эҳё шуда, ба омили муҳими худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба таъриху тамаддуни ниёгон табдил ёфтанд.
Меҳргон дар ин сиёсати фарҳангӣ танҳо бозгашт ба гузаштаи пурифтихор нест. Ин ҷашн ба зиндагии имрӯз пайванд мехӯрад ва моро ба кору созандагӣ, қадршиносии заҳмати инсон, ҳифзи сарватҳои табиӣ ва таҳкими фарҳанги истеҳсолкорӣ раҳнамун месозад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мо бештар дарк мекунем, ки худшиносии миллӣ аз шинохти арзишҳои таърихӣ оғоз шуда, бо амалҳои созанда, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии Ватан такмил меёбад.
Мо вазифадорем, ки ин мероси гаронбаҳоро на танҳо бо баргузории чорабиниҳои идона, балки бо корҳои мушаххасу судманд зинда нигоҳ дорем: заминҳои худро самаранок истифода барем, ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзиро баланд бардорем, ба ободии деҳот саҳм гузорем, дастовардҳои деҳқононро қадр кунем ва ба фарзандонамон фарҳанги меҳнат, сарфакорӣ ва эҳтиром ба неъматҳои зиндагиро омӯзонем. Зеро беҳтарин арҷгузорӣ ба Меҳргон он аст, ки дастархони ҳар хонадон пурфайз, заминҳо сарсабз, хирманҳо пур ва дилҳои мардум саршор аз меҳру умед бошанд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Меҳргон моро ба андешаи нек, амали созанда ва шукргузорӣ аз неъматҳои зиндагӣ даъват мекунад. Дар ин рӯзи муборак бояд бештар аз пештар қадри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осудаи кишвари азизамонро бидонем. Маҳз дар чунин муҳит заҳмати созанда самар медиҳад, кишоварзӣ рушд мекунад, корхонаҳо фаъолият менамоянд ва ҳар хонавода метавонад бо умеду эътимод ба оянда назар афканад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи сокинони сарбаланди вилояти Хатлон, кишоварзони заҳматкаш, боғдорон, чорводорон, кормандони соҳаи саноати коркард, соҳибкорон, зиёиён, ҷавонон ва кулли ҳамдиёрони азизро ба муносибати ҷашни фархундаи Меҳргон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар хонадони хатлонӣ файзу баракат, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, саодат ва оромии ҳамешагӣ орзу менамоям. Бигзор хирманҳои деҳқонони мо пур аз ҳосили фаровон, боғҳои мо сарсабзу пурбор, дастархони мардум пур ва қалбҳои ҳамдиёрон саршор аз меҳру муҳаббат бошанд. Таманно дорам, ки заҳмати ҳар кишоварз самараи дилхоҳ диҳад, ҳар иқдоми созанда ба пешрафти диёр мусоидат кунад ва дар ҳар хонадон садои хандаву шодмонӣ танинандоз бошад.
Дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми сарбаланди вилояти Хатлон минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ, меҳнати содиқона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар роҳи ободии Ватан, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда мегузоранд.
Бигзор меҳр дар дилҳо, баракат дар ҳар як хонадон, фаровонӣ дар киштзорҳо ва ободӣ дар сарзамини маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша пойдор бошад!
Меҳргони бостонӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

