БОХТАР, 15 октябр. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2026 баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбари дастгоҳ ва муовинони раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи маҷлис таъкид карданд, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти мамлакат муайянгардида ва амалисозии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар идомаи маҷлис муовини раиси вилояти Хатлон Солеҳзода Ашурбой оид ба натиҷаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ҳисобот пешниҳод намуд.
Тавре зикр гардид, дар ин давра нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 37 миллиарду 152 миллион сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,1 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба 27,3 фоиз баробар гардид.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,2 фоиз, маҳсулоти саноатӣ 15,5 фоиз, гардиши савдо 36,7 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 13 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми боркашонӣ 18,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 9,3 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ин давра қисми даромади буҷети вилоят пурра иҷро гардида, воридоти маблағҳо 4 миллиарду 534,6 миллион сомониро ташкил дод. Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 68,7 миллион сомонӣ ворид шуд.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030 то 1 октябри соли ҷорӣ 26 лоиҳа ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, корҳои татбиқи 84 лоиҳаи дигар идома доранд. Сатҳи умумии иҷрои барнома бо дарназардошти лоиҳаҳои анҷомёфта ва идомадошта 31,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи бонкдорӣ ҳаҷми қарзҳои ба самтҳои гуногуни иқтисоди вилоят равонагардида ба 5,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 3,3 миллиард сомонӣ ба соҳибкорон, аз ҷумла 2 миллиард сомонӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ равона шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 ба иқтисоди вилоят 19,3 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардида, аз ин маблағ 12,1 миллион доллар ё 62,7 фоизро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Дар соҳаи саноат корхонаҳои вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 10,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиши истеҳсолотро ба 15,5 фоиз расониданд. Ҳиссаи вилоят дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 20 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 68 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, барои 798 нафар ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамзамон, истеҳсоли 12 номгӯи маҳсулоти саноатие, ки соли гузашта истеҳсол намешуданд, ба роҳ монда шуд.
Дар соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 3,5 миллиард сомонӣ равона гардида, суръати афзоиши маблағгузорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоизро ташкил дод. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сохтмони 6260 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз 8416 иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ба 134,4 фоизи нақша баробар мебошад.
Дар соҳаи нақлиёт ҳаҷми боркашонӣ ба 50,6 миллион тонна ва мусофиркашонӣ ба 181,5 миллион нафар расид. Ҳамчунин, дар саросари вилоят 2251,4 километр роҳ ба маблағи умумии 417,6 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардид. Аз ин ҷумла, 445,3 километр роҳ таъмири асосӣ, 640,1 километр сангфарш ва 1166 километр таъмири ҷорӣ карда шуда, 155 пулу қубур таъмир гардид.
Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 35,7 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 53,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 864,2 ҳазор тонна ғалладона, 224 ҳазор тонна картошка, 1,8 миллион тонна сабзавот, 945,6 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ, 378,1 ҳазор тонна мева ва 133 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд. Инчунин, истеҳсоли гӯшт ба 138,8 ҳазор тонна, шир ба 345 ҳазор тонна ва тухм ба 137,6 миллион дона расид.
Нишондиҳандаҳои истеҳсоли сабзавот 15 фоиз, картошка 3,7 фоиз, гӯшт 12,9 фоиз, мева 9,2 фоиз, ангур 7,5 фоиз, тухм 8,7 фоиз ва пилла 40,3 фоиз афзоиш ёфтанд. Саршумори чорвои калони шохдор, гӯсфанду буз ва дигар намудҳои чорво низ афзоиш ёфт. Дар ин давра барои таъмини хӯроки чорво 1 миллиону 420,7 ҳазор тонна хӯроки дурушт ва 22,3 ҳазор тонна хӯроки ширадор захира карда шуд.
Дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 66 ҳазору 970 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Бо баргузории 258 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2810 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, дар маҷмӯъ 3175 нафар ба шуғл фаро гирифта шуданд. Музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 2652,26 сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2 фоиз зиёд гардид.
Дар соҳаи маориф дар соли таҳсили 2026–2027 дар 1427 муассисаи таълимии вилоят 974 ҳазору 353 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 31,6 ҳазор нафар зиёд мебошад. Дар қаламрави вилоят ҳамчунин 156 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла 909 синфхона барои 22 ҳазору 885 ҷойи нишаст дар як баст сохта шудааст.
Дар соҳаи тандурустӣ 208 нафар табиби дорои маълумоти олӣ ба кор қабул гардида, аз ин шумора 155 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Дар самти фарҳанг китобхонаҳои вилоятӣ ба маблағи умумии 11 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир ва китобҳои электронӣ таъмин шуданд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 7927 нусха китоби тозанашр харидорӣ ва ба муассисаҳои соҳа дастрас карда шуд.
Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ онҳо соҳиби 2150 медал ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 191 медал гардиданд. Дар маҷмӯъ, шумораи медалҳои бадастовардаи варзишгарони вилоят ба 2341 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132 медал зиёд мебошад.
Дар соҳаи сайёҳӣ ба вилоят дар давраи ҳисоботӣ 1,4 миллион нафар сайёҳ, аз ҷумла 1,3 миллион сайёҳи дохилӣ ва 119,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф оварданд. Дар қаламрави вилоят 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, рӯзҳои 4–5 июни соли ҷорӣ дар мавзеи сайёҳии «Чилдухтарон» Форуми байналмилалии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат» баргузор гардид.
Дар фарҷоми маҷлис раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ пурсиш намуда, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, масъулон вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии мамлакат ва барномаҳои давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд, ба рушди истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ, иҷрои пурраи нақшаҳои буҷет ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

