ШАМСИДДИН ШОҲИН, 7 октябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид се бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия муаррифӣ гардид.
Биноҳои иловагӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, зиёд намудани ҷойи нишаст ва беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд.
Аз ҷумла, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар деҳаи Чагам бинои иловагӣ барои 480 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Ҳамчунин, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Саричашма бинои иловагӣ барои 240 хонанда дар ду баст ва дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Лангар низ бинои иловагӣ барои 240 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст.
Биноҳои мазкур пурра сохта шуда, барои истифода омода мебошанд. Ба истифода додани чунин иншооти таълимӣ дар фароҳам овардани шароити беҳтари таҳсил барои хонандагон ва фароҳамсозии заминаи мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ноҳия аҳамияти муҳим дорад.
Бунёди иншооти нави соҳаи маориф дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин идомаи тадбирҳои созанда дар самти рушди соҳаи маориф ва ободонии муассисаҳои таълимӣ дар кишвар мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

