ШАМСИДДИН ШОҲИН, 7 октябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Теҳрай муассисаи томактабӣ барои 100 кӯдак мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи нав дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бунёд гардидааст.
Иншоот дар қитъаи замини масоҳаташ 3600 метри мураббаъ бунёд шуда, барои 100 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Арзиши умумии сохтмони он 3 миллиону 876 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Бинои муассисаи томактабӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои утоқи корӣ, ҳуҷраи духтур, ошхона, ҷойи либосивазкунӣ, 5 синфхона, 5 ҳуҷраи хоб ва 10 ҳоҷатхона мебошад. Ҳуҷраҳои муассиса бо таҷҳизоти наву замонавӣ ва лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Барои дар фасли сармо таъмин намудани кӯдакон бо шароити мусоиди будубош бино бо системаи гармидиҳии обӣ пайваст мебошад.
Саҳни муассиса бетонпӯш ва ҳудуди он панҷарабандӣ шуда, барои фароғату бозии кӯдакон дар ҳавлии он бозичаҳо ва лавозимоти зарурӣ насб гардидаанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нав 16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Фармоишгар ва маблағгузори сохтмони иншоот Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Микрон» ба анҷом расонидааст.
Ба истифода додани муассисаи томактабии нав барои фароҳам овардани шароити муносиб ба рушди кӯдакон, баланд бардоштани сатҳи фарогирии онҳо ба таҳсилоти томактабӣ ва дастгирии оилаҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

