ШАМСИДДИН ШОҲИН, 7 октябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сардхона барои нигоҳдории 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ва таъмини шароити хуби корӣ барои кормандон бунёд гардидааст.
Барои сохтмони сардхона қитъаи замини масоҳаташ 1600 метри мураббаъ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз ёфта, соли 2026 ба анҷом расонида шудаанд.
Сардхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои нигоҳдории ҳамзамони то 500 тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, пешбинӣ шудааст. Маҳсулот дар таҳхона ва ошёнаи якуми бино нигоҳдорӣ карда мешавад.
Маблағи лоиҳавии сохтмони иншоот 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонии сардхона аз ҷониби ҶДММ «Созанда-2012» ба анҷом расонида шудаанд.
Бо ба истифода додани иншооти мазкур 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншоот барои фароҳам овардани имконияти нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, коҳиш додани талафоти маҳсулот ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

