ШАМСИДДИН ШОҲИН, 7 октябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Навободи ноҳия толори нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи ҷисмонию маънавии насли наврас, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ бунёд гардидааст.
Барои сохтмони толори варзишӣ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8000 метри мураббаъ замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз ёфта, соли 2026 ба анҷом расонида шудаанд.
Толори варзишӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминии тоҷик» сохта шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Бинои толори варзишӣ аз як ошёна иборат буда, бо тамоми лавозимоти зарурии варзишӣ таъмин мебошад. Дар он барои машғул шудан ба намудҳои варзиши гӯштин ва обутоби бадан шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, ҳамзамон то 50 нафар ҷавонону наврас метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд.
Дар саҳни иншоот низ корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, дарахтони сояафкан шинонида ва лавозимоти варзишию ороишӣ насб гардидааст.
Маблағи лоиҳавии сохтмони иншоот 950 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо ба истифода додани толори варзишӣ 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ифтитоҳи чунин иншооти варзишӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои бештар ҷиҳати машғул шудан ба варзиш, тарбияи солими ҷисмонӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

