ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10 ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

ШАМСИДДИН ШОҲИН, 7 октябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Тудании ҷамоати деҳоти Теҳрай ҷойгир буда, сохтмони бинои нави он соли 2024 оғоз гардидааст.

Бинои муассиса дар қитъаи замини 0,80 гектар бунёд шуда, барои 240 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона, як утоқи корӣ, ҳуҷраи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла анбор, буғхона ва ҳоҷатхона мебошад. Синфхонаҳои муассиса бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ва лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Бинои муассиса барои таъмини шароити мусоид дар фасли сармо бо системаи гармидиҳии обӣ пайваст мебошад.

Бо ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимӣ шароити таҳсил барои хонандагон беҳтар гардида, мушкилоти норасоии синфхонаҳои дарсӣ дар муассиса бартараф карда мешавад.

Маблағи умумии сохтмони иншоот 15 миллиону 929 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва пудратчии корҳои сохтмонӣ ҶДММ «Орёно» мебошад.

Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимӣ қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи маориф дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles