ШАМСИДДИН ШОҲИН, 7 октябр. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маҷмааи «Хизматрасонии модар ва кӯдак»-ро ба истифода доданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати ташхису хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ пешбинӣ шудааст.
Барои сохтмони маҷмаа қитъаи замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ соли 2022 оғоз шуда, соли 2026 ба анҷом расонида шудаанд. Масоҳати умумии бино 1780 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Маҷмааи нави хизматрасонии модар ва кӯдак аз се ошёна иборат буда, дорои 66 кат ва 103 утоқи корӣ мебошад. Дар он қабулгоҳ ва дигар бахшу утоқҳои зарурӣ ҷойгир карда шудаанд. Утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, компютерҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти муассиса дар фасли сармо бино бо системаи гармидиҳии обӣ пайваст карда шудааст.
Маблағи умумии сохтмони иншоот 52 миллион сомониро ташкил медиҳад. Фармоишгари сохтмони маҷмаа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Иқлими-Соф» ба анҷом расонидааст.
Дар доираи ободонии муҳити атроф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар назди бино 21 адад нишастгоҳ ва чароғҳои равшанидиҳанда насб гардидаанд. Ҳудуди маҷмаа низ кабудизор карда шуда, дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Ба истифода додани маҷмааи «Хизматрасонии модар ва кӯдак» барои беҳтар намудани дастрасии аҳолии ноҳия ба хизматрасонии босифати тиббӣ, махсусан дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

