ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗӢ БАРОИ 6000 ҶОЙИ НИШАСТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ШАМСИДДИН ШОҲИН, 7 октябр. Дар маҳаллаи Ориёндеҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин варзишгоҳи марказии ноҳия бо ғунҷоиши 6000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.

Бунёди варзишгоҳи марказии ноҳия дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрин ба роҳ монда шудааст.

Сохтмони варзишгоҳ моҳи августи соли 2018 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом расонида шуд. Иншоот аз чор блок иборат буда, барои баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои варзишгарон пешбинӣ шудааст.

Блоки якуми варзишгоҳ дуошёна буда, дорои 23 иншооти хизматрасонӣ мебошад. Дар он утоқҳои доварон, утоқҳои назорати допинг, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммомҳо, утоқҳои нигоҳдории инвентар, ҳуҷраҳои корӣ ва техникӣ, утоқҳо барои меҳмонон ва посбон ҷойгир шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳудуди варзишгоҳ ҳоҷатхона бо 22 ҷой, чоҳи ахлотҷой, чоҳи оташнишонӣ бо ғунҷоиши 200 метри мукааб об ва чоҳи оби нӯшокӣ бо ғунҷоиши 30 метри мукааб мавҷуд мебошад. Иншоот бо як трансформатори иқтидораш 400 кВА таъмин гардида, барои таваққуфи 45 автомашина низ ҷойи махсус пешбинӣ шудааст.

Масоҳати умумии қитъаи замини варзишгоҳ 54 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил дода, аз ин ҳисоб 8 ҳазор метри мураббаъ барои майдони бозӣ ҷудо гардидааст.

Арзиши умумии сохтмони иншоот 29 миллиону 657 ҳазору 401 сомониро ташкил медиҳад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ барои 24 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оро-2016» анҷом додааст.

Ба истифода додани чунин иншооти замонавии варзишӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои рушди соҳаи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles