МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ БАЪДИ АЗНАВСОЗӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

КӮЛОБ, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар масъулин, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб баъди таъмиру азнавсозии пурра ба истифода дода шуд.

Муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Р. Солеҳоваи шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, барои таҳсили 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар доираи корҳои азнавсозӣ пурра таъмир гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ва шароити муосири таълиму тарбия муҷаҳҳаз карда шудааст. Фармоишгари корҳои азнавсозӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ 12 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи муосири соҳаи маориф навсозӣ гардида, барои хонандагон шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шудааст. Таҷҳизонидани синфхонаҳо ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои таълиму тарбия ба баланд гардидани сифати таҳсил ва беҳтар шудани шароити фаъолияти омӯзгорон мусоидат хоҳад кард.

Айни замон дар муассиса 110 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.

Зимни боздид раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо омӯзгорон ва хонандагони муассиса суҳбат намуда, аз шароити фароҳамгардида ва имкониятҳои нави таълимӣ шинос шуданд.

Раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас ва беҳтар намудани муҳити таълиму тарбия аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии кишвар ба ҳисоб рафта, бозсозии муассисаи таълимӣ барои хонандагон ва омӯзгорон туҳфаи арзишманд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил барои хонандагон дар меҳвари таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб баъди таъмиру азнавсозии пурра минбаъд метавонад барои садҳо хонанда муҳити муносиб ва муосири таълимӣ фароҳам оварда, дар баланд бардоштани сифати таҳсил ва тарбияи насли соҳибмаърифат саҳми муҳим гузорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles