ВОСЕЪ, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани иншооти варзишӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Майдони нави варзишӣ барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ гардида, барои сокинони деҳа, бахусус наврасону ҷавонон, имконияти мусоид фароҳам меорад. Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншоот дар маҳалҳо ба рушди тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва дарёфти истеъдодҳои нави варзишӣ мусоидат менамояд.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иншоот таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои машғулияти варзишии наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба рушди соҳаи варзиш ва бунёди майдончаҳои варзишӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои саҳм гузоштан дар бунёд ва ба истифода додани майдончаи варзишӣ ба ташаббускорон ва шахсони масъул изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳо барои ободии маҳал ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои сокинон аҳамияти муҳим доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

