КӮЛОБ, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва бо мақсади рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар шаҳри Кӯлоб корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авранг» ба фаъолият оғоз намуд.
Корхонаи мазкур дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, барои таъсиси 30 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар маросими ифтитоҳи корхона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Фаъолияти корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Авранг» дар самти рушди саноати коркард, истифодаи самараноки маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда дар минтақа ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ба роҳ мондани чунин корхонаҳо имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти истеҳсолшаванда дар дохили кишвар коркард шуда, ба маҳсулоти тайёри дорои арзиши иловашуда табдил дода шавад. Ин раванд ҳамзамон барои рушди занҷираи истеҳсолӣ — аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то коркард ва пешниҳоди он ба бозори истеъмолӣ — заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъсиси 30 ҷойи нави корӣ дар корхона барои сокинони шаҳри Кӯлоб имконияти нави фаъолияти меҳнатӣ муҳайё намуда, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади оилаҳо саҳми худро мегузорад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона масъулин ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосир, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, риояи талаботи санитарӣ ва нигоҳдории дурусти маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди корхонаҳои коркард яке аз самтҳои муҳими рушди саноати миллӣ ба ҳисоб рафта, барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, кам кардани талафоти маҳсулоти кишоварзӣ ва васеъ намудани имкониятҳои иқтисодии минтақа мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

