МАРҲИЛАИ ДУЮМИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ НАМАКИ «ХОҶАМУЪМИН» БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ВОСЕЪ, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид марҳилаи дуюми корхонаи коркарди намаки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хоҷа-Муъмин» мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти нави истеҳсолӣ аз ҳисоби маблағҳои худи ҶСК «Хоҷа-Муъмин» бунёд гардида, барои татбиқи лоиҳа дар маҷмӯъ 7,1 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.

Дар доираи марҳилаи дуюми рушди корхона дар ҳудуди он сехи нави коркарди намаки аълосифат бо иқтидори истеҳсолии то 5 тонна намак дар як соат бунёд гардидааст. Сехи мазкур дар масоҳати 1125 метри мураббаъ, бо дарназардошти бинои анбор, сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ таъмин мебошад.

Барои муҷаҳҳаз намудани сехи нав тақрибан 400 ҳазор доллари ИМА маблағ сарф гардида, таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Технологияи муосир имконият фароҳам меорад, ки коркарди намак бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи бозори муосир ба роҳ монда шавад.

Қисми дигари маблағ — тақрибан 370 ҳазор доллари ИМА — барои сохтмони биною иншооти асосӣ ва ёрирасон, инчунин харид ва насби қисмҳою механизмҳои зарурӣ равона гардидааст.

Ба истифода додани сехи нави истеҳсолӣ барои рушди иқтидори истеҳсолии корхона, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Яке аз натиҷаҳои муҳими татбиқи лоиҳа таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Дар сехи нав зиёда аз 26 нафар сокинони маҳаллӣ дар ду баст ба кор ҷалб гардидаанд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот барои беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии сокинони маҳаллӣ низ аҳаммияти муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи дуюми корхонаи коркарди намаки «Хоҷа-Муъмин» қадами навбатӣ дар самти афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ ва рушди саноат дар ноҳияи Восеъ мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles