ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ТОЛОРИ НАВИ ВАРЗИШӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

ВОСЕЪ, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ, дар деҳаи Осмонбикаи ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ толори нави варзишии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Клуби варзишии “Толибҷон” дорои тамоми шароити зарурӣ барои тамрин ва омодагӣ ба мусобиқаҳо буда, имкон фароҳам меорад, ки наврасону ҷавонони деҳаи Осмонбика дар наздикии маҳали зисти худ ба варзиш машғул шаванд.

Иншооти мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Қодирзода Собир бунёд гардида, барои сохтмони он дар маҷмӯъ 2 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.

Толори варзишӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати машқу тамрин ва рушди намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми бино толори муҷаҳҳази тренажёрӣ ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои машқу тамрини намудҳои варзиши гӯштин ва бокс пешбинӣ шудааст.

Фароҳам овардани чунин шароити замонавӣ дар маҳал имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба варзиш бештар ҷалб гардида, маҳорати варзишии худро такмил диҳанд ва вақти холии худро бо машғулиятҳои муфиду солим гузаронанд.

Таъкид гардид, ки бунёд ва ба истифода додани иншооти варзишӣ дар деҳот дар баробари рушди инфрасохтори соҳаи варзиш, барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон ва пайдо намудани истеъдодҳои нави варзишӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими бунёди иншооти мазкур таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Пас аз ба истифода супоридани толори варзишӣ 8 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад, ки барои бо шуғл таъмин намудани сокинони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.

Сокинони деҳаи Осмонбика ифтитоҳи толори нави варзиширо иқдоми муҳиме дар самти ободонии маҳал ва фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди варзиш арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки истифодаи иншоот барои наврасону ҷавонон имкониятҳои нави машқу тамрин ва солимгардониро фароҳам хоҳад овард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles