ФАРХОР, 06.10.2026. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар деҳаи Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор муассисаи таҳсилоти томактабии №8 баъди навсозии пурра мавриди истифода қарор гирифт.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №8 бо саҳми соҳибкорони ватанӣ азнавсозӣ гардида, бо тамоми таҷҳизот, лавозимоти таълимӣ ва ашёи зарурӣ таъмин карда шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Муассисаи мазкур барои фарогирии беш аз 100 нафар кӯдак пешбинӣ шуда, дорои ҳуҷраҳои таълимӣ, се ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар утоқҳои ёрирасон мебошад.
Дар доираи корҳои навсозӣ барои кӯдакон ва тарбиятгирандагон шароити мусоиди таълиму тарбия, истироҳат ва фароғат фароҳам оварда шудааст. Дар ҳудуди муассиса майдончаи махсуси бозии кӯдакон бунёд гардида, он бо таҷҳизоти гуногуни бозию дилхушӣ ва бозичаҳои кӯдакона таъмин мебошад.
Масоҳати умумии замини муассисаи таҳсилоти томактабӣ як гектарро ташкил дода, дар раванди навсозии он корҳои зиёди сохтмонӣ, ободонӣ ва кабудизоркунӣ анҷом дода шудаанд. Барои татбиқи ин иқдом дар маҷмуъ наздик ба 3 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Бо мақсади фароҳам овардани муҳити муносибу ҷолиб барои кӯдакон намои берунию дохилии муассиса низ ба таври замонавӣ оро дода шудааст. Дар қисматҳои берунии бино расму мусаввараҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ва дигар тасвирҳои мутобиқ ба завқу ҷаҳонбинии кӯдакон ҷойгир карда шудаанд.
Зимни ифтитоҳи иншоот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои томактабӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат, бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои тарбия ва рушди кӯдакон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими созанда ба шумор меравад.
Бо дарназардошти афзоиши шумораи кӯдакон ва талаботи рӯзафзуни аҳолии деҳа, соҳибкори ватандӯст тасмим гирифтааст, ки дар заминаи бинои мавҷудаи фарсудаи муассисаи томактабӣ муассисаи таҳсилоти томактабии нави хуштарҳу замонавии дуошёна бунёд намояд.
Тибқи нақша, муассисаи нави томактабӣ барои фарогирии 300 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, дар он барои таълиму тарбия, истироҳат, бозӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

