ДАВЛАТАЛӢ САИД: БАЛАНДТАРИН ҶОИЗАИ ТАБИБ НА УНВОН АСТУ НА МУКОФОТ — ЭЪТИМОДИ МАРДУМ АСТ

– Сино танҳо табиби бузург набуд, ӯ мактаби тафаккуреро ба вуҷуд овард, ки дар меҳвари он инсон, дониш, ахлоқ ва ҳифзи ҳаёт қарор дошт.

– Ин рӯз танҳо иди касбӣ нест — ин рӯзи арҷгузорӣ ба инсонҳое мебошад, ки донишу таҷриба, неру ва меҳри худро ба ҳифзи азизтарин неъмати инсон — саломатӣ ва ҳаёт мебахшанд.

– Эътимоди мардум ба табиб бузургтарин шараф ва ҳамзамон бузургтарин масъулияти касби табибист.

– Технология метавонад ташхисро дақиқтар кунад, таҷҳизот метавонад имконияти табобатро васеъ намояд, аммо меҳрубонӣ, масъулият ва муносибати инсонӣ аз худи табиб оғоз мешавад.

– Технология барои инсон аст, на инсон барои технология.

– Дастовард набояд моро аз дидани камбудиҳо боздорад; баръакс, ҳар қадар имконият зиёд мешавад, ҳамон қадар масъулияти мо барои истифодаи самараноки он бештар мегардад.

– Агар марҳилаи гузашта бештар марҳилаи бунёд ва таҷҳизонидан буд, марҳилаи нав бояд марҳилаи сифат, самаранокӣ, масъулият барои натиҷа ва эътимоди мардум бошад.

– Мо бояд тадриҷан аз модели «бемор шуд — муроҷиат кард — табобат гирифт» ба модели «хавф муайян шуд — беморӣ пешгирӣ гардид — саломатӣ нигоҳ дошта шуд» гузарем.

– Дар асри технология набояд бемор садҳо километр роҳ тай кунад, метавон дониш ва машварати мутахассисро ба назди ӯ расонд.

– Маълумот бояд аз паси бемор ҳаракат кунад, на бемор аз паси маълумот.

– Ҳар як модари солим ва ҳар як кӯдаки солим — ояндаи миллат аст.

– Мо метавонем бино созем ва таҷҳизоти нав харидорӣ кунем, аммо табиби баландихтисосро харидан мумкин нест — ӯро бояд солҳо омода кард.

– Диплом анҷоми таҳсил нест — оғози омӯзиши якумрӣ аст.

– Ҳадафи мо танҳо табобати беморӣ нест — ҳифзи инсон аст.

Аз суханронии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ бахшида ба Рӯзи кормандони тиб, 18.07.2026

Related Articles