ВОСЕЪ: ИНШООТИ НАВИ ИҶТИМОӢ ВА РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУДАНД

БОХТАР, 18 август. Дар идомаи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб дар дар ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ як қатор иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, дар деҳаи Тосқалъаи ҷамоати мазкур бунгоҳи нави тиббӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи нави тандурустӣ дорои 5 утоқи корӣ буда, барои 10 нафар ҷойи корӣ фароҳам овардааст. Бунгоҳ бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад ва барои фароҳам овардани шароити муносиб ба кормандони соҳаи тиб ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади таъмини мунтазами иншоот бо неруи барқ ва истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия дар бунгоҳ панелҳои офтобӣ бо иқтидори 6,5 киловатт насб гардидаанд.

Дар идомаи сафар роҳи аҳамияти маҳаллии Тосқалъа-Миросор ба масофаи 8 километр пурра мумфарш гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Иқдоми мазкур бо ташаббус ва саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ ва дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст.

Роҳи навбунёд барои беҳтар гардидани рафтуомади сокинон, осон шудани ҳаракати нақлиёт, дастрасии аҳолӣ ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ва таҳкими робитаи маҳалҳои аҳолинишин бо маркази ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, беҳтар гардидани ҳолати роҳ ба рушди фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии аҳолии деҳот мусоидат хоҳад кард.

Зимни боздид Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон бо сокинони деҳа, аз ҷумла пирони рӯзгордида ва фаъолони маҳал, суҳбати самимӣ анҷом дода, аз шароити зиндагӣ, вазъи инфрасохтор ва масъалаҳои мавҷуда пурсон шуданд. Сокинон аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба рушди деҳот ва дастгирии ташаббусҳои созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми соҳибкорону аҳолиро дар ободии маҳал муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, дар деҳаи Зардолубоғ роҳи аҳамияти маҳаллӣ ба масофаи 4,5 километр мумфарш гардида, ба истифода супорида шуд. Роҳи нав барои беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт, осон намудани рафтуомади сокинон ва таҳкими робитаи деҳа бо дигар маҳалҳои ноҳия аҳамияти муҳим дошта, барои рушди минбаъдаи инфрасохтори маҳаллӣ имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Ба истифода додани бунгоҳи тиббӣ ва роҳҳои нави маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Миралиобод намунаи татбиқи ташаббусҳои созанда ва саҳми соҳибкорону сокинон дар ободии маҳал ба ҳисоб рафта, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ заминаи устувор мегузорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles