РУШДИ ИНФРАСОХТОР ВА ОБОДИИ МАҲАЛ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОСЕЪ, 18 август. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ, аз ҷумла бунёду навсозии роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва татбиқи ташаббусҳои соҳибкорону сокинони ноҳия шинос шуда, аз як қатор иншооти бунёдшаванда боздид ба амал оварданд.

Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ аз ҷамоати деҳоти ба номи Абди Авазов оғоз гардид. Дар деҳаи Гулободи ҷамоати мазкур бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва татбиқи ташаббусҳои сокинони маҳаллӣ шинос шуданд.

Дар доираи корҳои анҷомдодашуда дар деҳа 9 километр роҳи аҳамияти маҳаллӣ мумфарш гардида, 8 адад купрук ва 4 адад чоҳи амудӣ бунёд карда шудааст. Иншооти мазкур бо ташаббус ва саҳми соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани инфрасохтори деҳот, осон гардидани рафтуомади аҳолӣ ва беҳтар шудани таъминоти сокинон бо об заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Зимни боздид Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон бо сокинони деҳа суҳбат намуда, аз шароити зиндагӣ, раванди корҳои ободонӣ ва масъалаҳои вобаста ба рушди маҳал пурсон шуданд. Сокинон аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба рушди деҳот ва дастгирии ташаббусҳои созанда изҳори сипос намуданд.

Дар идомаи сафар ба Сарвазири мамлакат лоиҳаи бунёди майдончаи варзишии замонавӣ муаррифӣ гардид. Таъкид шуд, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои машқу тамрини ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд, риояи талаботи меъёрҳои муосир ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.

Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон ҳамзамон бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ дар деҳаи Тосқалъа шинос шуданд. Муассисаи мазкур барои 150 тарбиятгиранда пешбинӣ гардида, аз 7 синфхона, ҳуҷраҳои хоб, утоқҳои омӯзгорон, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат хоҳад буд. Зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи кӯдакон тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Миралиобод Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон бо рафти сохтмони маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин муассисаи томактабӣ барои 200 кӯдак шинос шуданд. Зимни боздид таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот дар баробари фароҳам овардани имкониятҳои нав барои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барои рушди қобилияти кӯдакон аз синни хурдсолӣ ва омода намудани онҳо ба таҳсилу зиндагии минбаъда заминаи мусоид фароҳам меорад. Масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуда, иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шаванд.

Татбиқи чунин иқдомҳои созанда дар ноҳияи Восеъ ба рушди инфрасохтори маҳаллӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсилу касбомӯзӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles