БОХТАР, 18 август. — Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар чорабинӣ фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ, дастовардҳои соҳа, масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, омодасозии кадрҳо, рақамикунонӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати иди касбӣ табрик гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, умри дароз, неруи тоза ва комёбиҳои нав орзу намуд.
Арҷгузорӣ ба мероси Абӯалӣ ибни Сино
Дар оғози суханронӣ Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба нақши Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми ҷаҳонии тиб таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки Сино на танҳо табиби бузург, балки намояндаи мактаби бузурги дониш, ахлоқ, масъулият ва инсондӯстӣ мебошад.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки имрӯз табиб танҳо мутахассиси соҳаи тиб нест, балки шахсест, ки дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ барои бемор ва оилаи ӯ манбаи умед ва такягоҳ ба ҳисоб меравад.
«Баландтарин ҷоизаи табиб на унвон асту на мукофот — эътимоди мардум аст», — таъкид гардид дар суханронӣ.
Дар баробари донишу малакаи касбӣ, ба меҳрубонӣ, муоширати хуб, эҳтиром ва муносибати инсонӣ бо беморон ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги касбии табиб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Афзоиши муассисаҳои тандурустӣ ва сармоягузорӣ
Зимни баррасии вазъи соҳа зикр гардид, ки бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ инфрасохтори тандурустӣ дар вилояти Хатлон густариш ёфтааст.
Шумораи муассисаҳои тандурустии вилоят аз 892 адад дар соли 1991 ба 1837 адад расидааст.
Ҳамчунин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021–2025 ба соҳаи тандурустӣ беш аз 1 миллиарду 325 миллион сомонӣ равона гардида, зиёда аз 90 фоизи чорабиниҳои пешбинишуда амалӣ шудаанд.
Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои тиббӣ, муҷаҳҳазсозии онҳо бо таҷҳизоти муосир ва тақвияти имкониятҳои ёрии таъҷилии тиббӣ низ идома доранд.
Бо вуҷуди ин, раиси вилояти Хатлон таъкид кард, ки марҳилаи нави рушди соҳа бояд танҳо ба бунёд ва таҷҳизонидани муассисаҳо маҳдуд нашуда, ба баланд бардоштани сифат, самаранокӣ, масъулият барои натиҷа ва эътимоди мардум равона гардад.
Аз табобати беморӣ ба пешгирии он
Дар ҷаласа зарурати таҳкими тибби оилавӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ таъкид гардид.
Ба гуфтаи раиси вилоят, низоми тандурустӣ бояд тадриҷан аз модели «бемор шуд — муроҷиат кард — табобат гирифт» ба модели «хавф муайян шуд — беморӣ пешгирӣ гардид — саломатӣ нигоҳ дошта шуд» гузарад.
Ин равиш, бахусус дар пешгирӣ ва назорати фишорбаландӣ, диабети қанд, бемориҳои дилу раг, бемориҳои саратонӣ ва дигар бемориҳои ғайрисироятӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Раиси вилояти Хатлон ба роҳбарияти соҳа супориш доданд, ки фаъолияти тибби оилавӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз ин нуқтаи назар бознигарӣ карда шавад.
Тиб бояд ба мардум наздик шавад
Бо дарназардошти шумораи зиёди аҳолӣ ва мавҷудияти маҳалҳои дурдаст дар вилояти Хатлон, зарурати истифодаи васеи гурӯҳҳои сайёри тиббӣ, ташхиси сайёр ва машваратҳои фосилавии мутахассисон таъкид гардид.
Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки телетиб ва пайвасти муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо бо марказҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила рушд дода шавад.
Таъкид гардид, ки масофа набояд сифати хизматрасонии тиббиро муайян кунад ва сокини дурдасттарин маҳал низ бояд ба хизматрасонии босифат дастрасӣ дошта бошад.
Рақамикунонӣ ва низоми ягонаи иттилоотӣ
Рақамикунонии соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими марҳилаи нави рушди соҳа арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки парвандаи электронии бемор, сабти электронӣ, натиҷаҳои рақамии ташхис, дорухати электронӣ ва телетиб бояд пеш аз ҳама барои осон намудани роҳи бемор, коҳиш додани саргардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ хизмат кунанд.
Дар ин замина, масъалаи ташкили низоми ягонаи иттилоотии тандурустии вилояти Хатлон мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шуда, зарурати татбиқи марҳилавии он таъкид гардид.
Саломатии модару кӯдак — самти афзалиятнок
Дар суханронӣ ба масъалаи ҳифзи саломатии модару кӯдак таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Раиси вилоят таъкид карданд, ки ҳар як ҳолати фавти модар ё кӯдак, бахусус ҳолатҳои пешгиришаванда, бояд бо ҷиддияти касбӣ ва идоракунӣ таҳлил карда шавад.
Аз ҷумла, бояд муайян карда шавад, ки гурӯҳи хавф сари вақт ошкор шудааст ё не, ташхис то чӣ андоза дуруст ва саривақтӣ анҷом шудааст ва интиқоли бемор чӣ гуна сурат гирифтааст.
Ҳадафи чунин таҳлилҳо, ҷустуҷӯи гунаҳкор набуда, пешгирии такрори ҳолатҳои нохуш ва ислоҳи камбудиҳои низом мебошад.
Самаранокии ёрии таъҷилӣ бояд боло равад
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар ҳолатҳои сактаи дил, сактаи мағзи сар, хунравӣ, садама ва дигар ҳолатҳои вазнин ҳар дақиқа метавонад барои наҷоти ҳаёти инсон ҳалкунанда бошад.
Аз ин рӯ, самаранокии ёрии таъҷилӣ бояд на танҳо аз рӯйи шумораи нақлиёти мавҷуда, балки аз рӯйи вақти расидан ба бемор ва сифати кумаки расонидашуда арзёбӣ шавад.
Масъулин вазифадор гардиданд, ки вақти миёнаи расидани гурӯҳҳои ёрии таъҷилӣ, ҷойгиршавии нуқтаҳо ва хатсайрҳои хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳоро таҳлил намуда, барои минтақаҳои зарурӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Кадр — муҳимтарин сармояи соҳа
Масъалаи кадрӣ низ аз самтҳои калидии рушди тандурустӣ номида шуд.
Раиси вилоят таъкид карданд, ки барои муайян кардани эҳтиёҷоти воқеии соҳа бояд харитаи эҳтиёҷоти кадрии тандурустии вилояти Хатлон аз рӯйи шаҳру ноҳия, муассиса ва ихтисос таҳия гардад.
Ҳамзамон, такмили ихтисос, омӯзиши протоколҳои муосири табобат, мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ бо марказҳои пешрафтаи тиббии дохил ва хориҷ бояд хусусияти доимӣ дошта бошад.
«Диплом анҷоми таҳсил нест — оғози омӯзиши якумрӣ аст», — таъкид гардид дар суханронӣ.
Сифат бояд ченшаванда бошад
Дар ҷаласа масъалаи тағйир додани меъёрҳои баҳодиҳии фаъолияти муассисаҳои тиббӣ низ матраҳ гардид.
Таъкид шуд, ки муассисаи тиббиро танҳо аз рӯйи шумораи беморони қабулшуда, катҳо ё амалиётҳои гузаронидашуда баҳогузорӣ кардан кофӣ нест.
Натиҷаи табобат, пешгирии оризаҳо, ҳолатҳои фавти пешгиришаванда, вақти интизории бемор, сатҳи истифодаи таҷҳизоти гаронарзиш ва қаноатмандии аҳолӣ бояд аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои асосии арзёбии фаъолияти муассисаҳо гарданд.
Ҳамчунин роҳ надодан ба таъйини дору, ташхис ва таҳлилҳои беасос ва пешгирии хароҷоти нолозими беморон таъкид шуд.
Масъулияти шахсии роҳбарон
Раиси вилояти Хатлон аз роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ талаб кард, ки барои натиҷаи фаъолияти муассисаи худ масъулияти шахсӣ эҳсос намоянд.
Ба гуфтаи раиси вилоят, ҳар роҳбар бояд аз вазъи қабулгоҳ, вақти интизории беморон, фаъолияти таҷҳизот, дастрасии доруворӣ, шароити таваллудхонаҳо, сатҳи тозагӣ ва андешаи мардум оид ба хизматрасонӣ огоҳ бошад.
Таъкид гардид, ки идоракунӣ бояд аз назорати раванд ба идоракунии натиҷа гузарад.
Барои ин ҳар вазифа бояд дорои чор унсури асосӣ — масъул, муҳлат, нишондиҳанда ва натиҷа бошад.
Қадрдонии беҳтаринҳои соҳаи тиб
Дар доираи чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони беҳтарини соҳаи тандурустӣ Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Вориси Сино» супорида шуд.
Имсол ин ҷоиза ба шаш нафар табибони беҳтарин ва собиқадори соҳа дода гардид:
Кабиров Маҳмадраҷаб Тошматович — табиби бемориҳои дил дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҷидов;
Шарипова Майдагул Саидмуратовна — сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба модару кӯдак;
Нурхонов Абдуллохон Надирович — табиби ҳуҷраи табобатии Маркази барқарорсозии байниноҳиявии саломатии ноҳияи Фархор;
Одилзода Исмоил Ёқубҷон — директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар;
Бобохонова Шаҳло Имомалиевна — сартабиби таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Кӯлоб;
Туйчихонзода Абдуламин — табиби асабшиноси Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Темурмалик.
Ҷоизаи «Вориси Сино» бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, такмили донишу малакаи кормандони соҳа, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳавасмандсозии кормандони тандурустӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин ғолибони озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» муайян ва қадрдонӣ шуданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин муассисаи тиббии сол» — Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Данғара;
дар номинатсияи «Беҳтарин табиби сол» — Ҳодиев Шералӣ Исмоилович, муовини сартабиби Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҷидов, оид ба соҳаи ҷарроҳӣ;
дар номинатсияи «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» — Имомова Момагул Сайдалиевна, ҳамшираи калони Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод;
ва дар номинатсияи «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» — Куганов Боймаҳмад Сафармуродович, директори Маркази ҷарроҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ғолиб дониста шуданд.
Як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ низ барои саҳми арзанда дар рушди соҳа, ташхису табобати бемориҳо, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бояд ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо бо муассисаҳои нав ва таҷҳизоти муосир, балки бо сатҳи нави хизматрасонӣ, тафаккури касбӣ, масъулияти роҳбарӣ ва эътимоди бештари мардум ворид гардад.
Ҳадафи асосии марҳилаи нави рушди соҳа, ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон, танҳо зиёд намудани шумораи муассисаҳои тиббӣ нест, балки солимтар кардани ҷомеа, баланд бардоштани сифати зиндагии мардум ва ҳифзи ҳаёту саломатии ҳар як сокини вилоят мебошад.
Раиси вилояти Хатлон дар анҷоми суханронӣ кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати Рӯзи кормандони тиб ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо ва аҳли хонадонҳояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пуршарафи ҳифзи саломатии инсон барору комёбӣ орзу намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

