ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ
Муҳтарам табибон!
Ворисони арзандаи Синои бузург!
Миллати тоҷик дар масири таърих бо фарзандони фарзонаи худ, ки дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта, бо осори безаволи хеш дар пешрафти ҷомеаи башарӣ нақши муассир доштаанд, ҳамеша ифтихор мекунад.
Абуалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, донишманд, табиб ва шоири тоҷик аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллати мо ба шумор меравад. Осори илмӣ, назария ва андешаву пешнињоди амалии ӯ то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ дошта, асари безаволи ӯ – «Қонуни тиб» – ба сифати сарчашмаи арзишманди илми тибби ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Мероси илмии Синои бузург дар рушди илми тиб ва ҳифзи саломатии инсон нақши бесобиқа гузоштааст.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми беназири фарзанди бузурги миллати тоҷик дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шуд. Ин иқдоми муҳим дар сатҳи байналмилалӣ барои гиромидошти номи ин донишманд ва омӯзишу тарғиби осори илмии ӯ аҳамияти хос дорад.
Ҳамзамон, ҳамасола 18 август — рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар кишвар таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат, Шумо — ворисони арзандаи Синои бузург ва дар симои Шумо тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлонро ба муносибати иди касбиатон, ки имсол дар арафаи таљлили яке аз бузургтарин љашни миллию давлатдориамон, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатии бардавом, неруи тоза, меҳру муҳаббати инсонӣ, қалби пок ва дар фаъолияти пуршарафу масъулиятноки касбиатон муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.
Корманди соҳаи тиб будан касби пурифтихор, масъулиятнок ва бошараф буда, дар фарҳангу тамаддуни башарӣ мақому мартабаи хос дорад. Табибон аз ҷумлаи шахсоне мебошанд, ки ҷомеа ҳамеша ба дониш, малака, масъулиятшиносӣ ва инсондӯстии онҳо ниёз дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як табиб ё корманди соҳаи тандурустӣ барои шифо бахшидани беморон бояд на танҳо дониш, таҷриба ва малакаи баланди касбӣ, балки меҳрубонӣ, муоширати хуб ва ҳисси инсондӯстиву ғамхорӣ нисбат ба онҳоро дошта бошад».
Ин таъкидҳои Сарвари давлат барои ҳар як корманди соҳаи тандурустӣ бояд ҳамчун дастури муҳим дар фаъолияти ҳаррӯзаи касбӣ хизмат намоянд.
Имрӯз соҳаи тандурустии мамлакат дар заминаи дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд намуда, бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва усулҳои нави ташхису табобат таъмин мегардад.
Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини роҳбарии худ ба масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳифзи саломатии аҳолиро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ муайян кардаанд. Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо дарназардошти ин, дар вилояти Хатлон низ ба рушди соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, дар солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо иншооти нави тиббии муосир сохта, ба истифода дода шудаанд.
Дар ин давра маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар вилоят ба 1,2 миллиард сомонӣ расида, аксари муассисаҳои соҳа бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, аз аввали соли ҷорӣ барои рушди соҳаи тандурустии вилоят 754 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Дар баробари ин, тадриҷан баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳа низ далели таваҷҷуҳи хос ва ғамхории роҳбарияти олии сиёсии кишвар нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021–2025» дар соҳаи тандурустии вилоят зиёда аз 1 миллиарду 325 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шуда, беш аз 90 фоизи чорабиниҳои пешбинишуда амалӣ гардиданд.
Дар натиҷаи татбиқи тадбирҳои созанда инфрасохтори соҳаи тандурустӣ низ ба таври назаррас рушд ёфта, шумораи муассисаҳои тиббӣ аз 892 адад дар соли 1991 ба 1837 адад дар соли ҷорӣ расонида шудааст. Дар ин давра даҳҳо беморхона, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ аз нав сохта ва мавриди истифода қарор гирифта, барои рушди бахши хусусии тиб низ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Танҳо дар соли ҷорӣ дар соҳаи тандурустӣ 22 муассисаи нави замонавӣ ба маблағи 20 миллион сомонӣ ба истифода дода шуда, таъмиру азнавсозии муассисаҳои тиббӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ҳамзамон, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар солҳои охир муассисаҳои тиббии вилоят бо даҳҳо воситаи наќлиётии махсуси ёрии таъҷилӣ таъмин гардид, ки ин тадбир барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдасти вилоят, заминаи мусоид фароҳам овард.
Қобили зикр аст, ки беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва табобат ба вазъи саломатии аҳолӣ таъсири мусбат расонида истодааст. Аз ҷумла, сатҳи фавти модару кӯдак коҳиш ёфта, бемориҳои сироятӣ низ ба таври назаррас кам гардидаанд. Ин омилҳо аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои муҳими баланд гардидани сатҳи дарозумрии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд.
Тибқи таҳлилҳо, агар соли 1991 дарозумрии миёнаи инсон дар мамлакат 70,1 сол-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 78,5 сол расидааст.
Ин дастовардҳо шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз соҳаи тандурустии вилояти Хатлон ба низоми нисбатан мукаммали хизматрасонии тиббӣ табдил ёфта, бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва технологияҳои муосир дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Дастовардҳои назарраси соҳа, аз ҷумла дар самти гузаронидани намудҳои гуногуни амалиёти ҷарроҳӣ, ташхиси бемориҳои мураккаб ва истифодаи усулҳои муосири табобат, самараи сиёсати созанда ва ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Дар баробари ин, кормандони соҳаи тандурустии вилоят бояд масъулияти баланди касбии худро ҳамеша дарк намуда, тамоми дониш, таҷриба ва малакаи касбии худро барои ташхису табобати босифати беморон ва ҳифзи саломатии аҳолӣ сафарбар намоянд.
Бо мақсади қадрдонӣ аз хизматҳои шоиста ва фаъолияти бенуқсони кормандони соҳаи тандурустии вилоят, бо қарорҳои дахлдори раиси вилояти Хатлон Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Вориси Сино» таъсис дода шудааст. Ҳамасола шаш нафар собиқадорони соҳа дар самтҳои гуногуни тандурустӣ бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шуда, ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.
Ҳамзамон, ҳамасола «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят» муайян гардида, ғолибон ин озмукнњо бо мукофотҳои пулӣ ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба донишу малака, масъулиятшиносӣ ва азму иродаи кормандони соҳаи тандурустӣ эътимоди комил дошта, итминон дорад, ки шумо- табибони њозиќ минбаъд низ дар баробари ҳифзи саломатии аҳолӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар байни ҷомеа тақвият бахшида, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузоред.
Боварии комил дорам, ки шумо — ворисони арзандаи Синои бузург, вазифаи пурифтихор ва рисолати инсонии худро дар назди мардум бо масъулияти баланд, садоқат ба касб ва меҳнати софдилона иҷро намуда, ба савганди касбии худ ҳамеша содиқ мемонед.
Бори дигар ҳамаи шумо — табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони миёна ва хурди тиббӣ ва тамоми кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи касбиатон самимона табрик мегӯям.
Бигзор меҳнати содиқонаи шумо дар роҳи ҳифзи саломатии мардум ҳамеша самарабахш ва фаъолияти пуршарафатон бо эҳтиром ва сипоси ҷомеа қадрдонӣ гардад.
Иди касбиатон муборак, ворисони арзандаи Синои бузург!

