Имрӯз, 11 май дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» ба кори худ оғоз намуд.
Ҳамоиши илмӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи асосии он омӯзиши амиқи таърихи Хутали қадим, нақши он дар ташаккули забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон арзёбӣ мешавад.
Дар маросими ифтитоҳи симпозиум роҳбарону намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд. Аз ҷумла, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Сафарзода Анвар, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб, намояндагони ҳайатҳои дипломатӣ аз Россия ва Эрон, инчунин мутахассисони соҳаи таърих ва бостоншиносӣ суханронӣ намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ таъкид карданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳқиқ, омӯзиш ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии миллат ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, Хутали қадим танҳо як минтақаи ҷуғрофӣ набуда, балки фазои бузурги таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ мебошад, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун маркази ташаккули арзишҳои сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва забонии мардумони ин сарзамин хизмат кардааст.
Зикр гардид, ки Хутал дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои «Хутал», «Хуталон» ва «Хатлон» ёд шудааст ва омӯзиши таърихи он барои дарки решаҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти хос дорад. Таъкид шуд, ки Хутали қадим яке аз пояҳои муҳими ташаккули ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.
Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои боз ҳам амиқтар омӯхтани саҳифаҳои нокушодаи таърих, муаррифии дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиши мероси ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи барнома, чорабиниҳои симпозиум аз 10 то 14 май дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Норак ва ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг ва Данғара идома ёфта, дар доираи он нишастҳои илмӣ, муҳокимаҳои тахассусӣ ва боздид аз ёдгориҳои таърихӣ баргузор мегарданд.
Иштироки олимону пажӯҳишгарони дохиливу хориҷӣ дар ин ҳамоиш имкон медиҳад, ки саҳифаҳои нави таъриху тамаддуни тоҷикон боз ҳам бештар мавриди омӯзиш қарор гирифта, мероси гаронбаҳои ниёгон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

