ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 8 май бо мақсади натиҷагирӣ аз раванди корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиие, ки рӯзҳои аввали моҳи май дар шаҳри Кӯлоб ба амал омада буд, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситод таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ситод, роҳбарони комиссияҳои соҳавӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа раиси вилоят ба тамоми сохторҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандоне, ки дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ саҳмгузорӣ намуданд, изҳори сипос ва миннатдорӣ баён карда, таъкид доштанд, ки маҳз ҳамоҳангиву ҳамкории зичи тамоми ниҳодҳо ва рӯҳияи баланди ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардум имкон фароҳам овард, то вазъият зери назорати қатъӣ қарор гирифта, корҳои барқарорсозӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба роҳ монда шаванд.

Зимни ҷаласа роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳисобот пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки шаби 1 май дар натиҷаи боришоти шадиди аз меъёр зиёд маҷрои селпартоҳои “Шураксой” ва “Девонасой” аз ҳудуди муқаррарии худ берун шуда, ба сокинони як қатор маҳаллаҳои шаҳр хисорот расониданд.

Тавре зикр шуд, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фавран ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, комиссияи махсус дар ҳайати шаш гурӯҳи корӣ ба минтақаи офатзада сафарбар гардид. Гурӯҳҳои мазкур арзёбии зарар, расонидани кӯмакҳои фаврӣ, тоза намудани кӯчаву маҳаллаҳо, барқарорсозии инфрасохтор ва таъмини амнияти санитариро ба роҳ монданд.

Дар ҷараёни корҳои омӯзишиву арзёбӣ дар маҷмӯъ 470 манзили истиқоматӣ мавриди муоина қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки як манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, панҷ хонаи дигар қисман осеб дидаанд. Ҳамчунин дар зиёда аз 350 манзили истиқоматӣ асосан иншооти ёрирасон зарар дидааст.

Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои аввали ҳодиса то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба садҳо оилаи зарардида кӯмакҳои моддиву молиявӣ ва маводи ниёзи аввал дастрас карда шуданд.

Аз ҷумла, то имрӯз ба 322 оилаи зарардида кумакҳои зарурӣ расонида шуда, имрӯз низ корҳои дастрас намудани ёриҳои навбатӣ ба дигар хонаводаҳои осебдида идома меёбад.

Иброз гардид, ки барои суръат бахшидан ба корҳои бартарафсозӣ техникаву таҷҳизоти зарурӣ ва маводи сӯзишворӣ пурра таъмин гардида, гурӯҳҳои корӣ вазифадор шудаанд, ки то охири рӯз корҳои боқимондаро пурра анҷом диҳанд. Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва таъмини вазъи мусоиди санитарӣ, корҳои безараргардонӣ ва поксозии муҳити зист низ вусъат дода шаванд.

Дар идома гуфта шуд, ки манзили истиқоматие, ки пурра хароб гардидааст, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз нав сохта шуда, ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин панҷ манзили қисман осебдида дар ҳамоҳангӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдор барқарор карда хоҳанд шуд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки ба оилаҳое, ки иншооти ёрирасонашон зарар дидааст, маводи сохтмонӣ, аз ҷумла тахта, семент, шифер ва сементблок дастрас карда шавад.

Қайд гардид, ки маҷмӯи кӯмакҳои расонидашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 номгӯйро дар бар гирифта, тамоми ашёи рӯзгор, маводи ғизоӣ ва дигар лавозимоти заруриро фаро мегирад.

Пас аз анҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни расонидани кӯмакҳо, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, барқарорсозии инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолии зарардида боздид намуданд.

Зимни суҳбат бо масъулон ва сокинон таъкид карда шуд, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда бояд ҳарчи зудтар вазъи иҷтимоии аҳолии осебдида ба эътидол оварда шуда, корҳои барқарорсозӣ бо суръати баланд идома дода шаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles