Имрӯз, 17 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш бо ҷараёни корҳои сохтмонии коргоҳи истеҳсоли шифри азбестӣ, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Вахш, кӯчаи Ҳ. Давлатов, аз наздик шинос шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур бо мақсади рушди соҳаҳои саноат ва сохтмон, инчунин таъмини бозори дохилӣ ва иншооти сохташавандаи ноҳия бо маҳсулоти сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидов Абдухолиқ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида истодааст. Арзиши умумии лоиҳа 9 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз то 1000 дона шифри азбестиро дар бар гирифта, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Айни ҳол дар иншоот корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти зарурӣ идома дошта, масъулон талош доранд, ки онро дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода диҳанд.
Ҳамзамон, дар назди коргоҳ сардхона низ фаъолият дошта, барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Раиси вилоят зимни боздид аз фаъолияти сардхона ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидор, нигоҳдории босифати маҳсулот ва таъмини бозор бо маводи тару тоза маслиҳатҳои муфид доданд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳо дар доираи сиёсати саноатикунонии мамлакат амалӣ гардида, барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон ба масъулон дастур дода шуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ, риояи стандартҳо ва сари вақт ба анҷом расонидани лоиҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

