БОХТАР, 7 сентябр. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маросими тантанавии тақдими мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид.
Дар маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногун барои фаъолияти пурсамар, меҳнати содиқона, дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар оғози ҳамоиш Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муҳими миллӣ табрик гуфта, таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
Раиси вилояти Хатлон аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар ёдовар шуда, мулоқоти самимӣ ва созандаи Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони вилоят ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллатро барои сокинони Хатлон рӯйдоди муҳим ва хотирмон арзёбӣ намуданд.
Ба гуфтаи Раиси вилоят, баҳои баланди Пешвои миллат ба дастовардҳои мардуми вилоят ва вазифагузориҳои мушаххас ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ масъулияти ҳар як сокини вилоятро барои саҳми бештар дар ободонию пешрафти Ватан тақвият мебахшад.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки чунин қадршиносӣ нишонаи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлат ба фаъолияти содиқонаи кормандон буда, ҳамзамон ҳар як соҳибмукофотро ба меҳнати боз ҳам самаранок ва хизмати содиқона ба нафъи Ватан ҳидоят менамояд.
Дар идомаи маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода суханронӣ намуда, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҳамаи мукофотгирандагонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Сарвазири мамлакат таъкид карданд, ки гирифтани мукофоти давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванд мебошад. Ин мукофотҳо ба шахсоне тақдим мегарданд, ки бо фаъолияти пурсамар ва меҳнати содиқонаи худ дар пешрафту ободии Ватан, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва таҳкими ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.
Қоҳир Расулзода инчунин оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, саҳми мардуми вилоятро дар рушди мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.
Сарвазири мамлакат таъкид карданд, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷомеа таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид буда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат минбаъд низ саҳми арзанда гузорад.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мукофотҳои давлатиро ба соҳибони онҳо тақдим намуданд.
Дар маҷмӯъ, 32 нафар хизматчии давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанг ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Аз ҷумла, ба соҳибони мукофотҳо медали «Хизмати шоиста», медали «Шафқат», унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Ҳамзамон, дар идомаи маросими қадршиносӣ як гурӯҳ фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон барои саҳми муносиб дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, корҳои созандагию ободонӣ ва ҳаёти ҷамъиятии вилоят бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, 30 нафар бо медали ифтихории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 29 нафар бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Зимни суханронӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки мукофоти давлатӣ танҳо нишонаи қадршиносии хизматҳои анҷомдода нест, балки ифодаи эътимоди давлат ва масъулияти бузург барои хизмати минбаъдаи боз ҳам содиқона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҷоми маросим Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ва ободии Ватани азиз комёбиҳо орзу намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

