Имрӯз, 6 сентябр, дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маросими гузоштани санги асоси бинои нави муассисаи таълимии 3-ошёна бо таҳхона барои 720 хонанда дар як баст баргузор гардид.
Муассисаи нави таълимӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа, дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 бунёд карда мешавад. Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Соҳибзода Зубайдулло ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва беҳтар намудани имкониятҳои таълимӣ барои хонандагони маҳал мебошад.
Бинои нави муассисаи таълимӣ аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои қабули 720 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бунёди чунин як муассисаи замонавӣ дар ҳудуди деҳаи Ҳаёти Нав қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли наврас ба ҳисоб меравад.
Дар маросими гузоштани санги асос таъкид гардид, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин замина, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пайваста идома дорад.
Бунёди муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Кӯшониён низ дар доираи сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба дастгирии соҳаи иҷтимоӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва фароҳам овардани шароити муносиб барои насли наврас мусоидат хоҳад кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо масъулин ва сокинони маҳал ташаббуси соҳибкор Соҳибзода Зубайдуллоро муҳим арзёбӣ намуда, саҳми соҳибкоронро дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, қобили дастгирӣ ва намунаи ибрат барои дигар соҳибкорон донистанд.
Таъкид шуд, ки ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ метавонад дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ нақши муассир гузорад.
Сохтмони муассисаи нави таълимӣ барои 720 хонанда дар ноҳияи Кӯшониён дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтори соҳаи маориф сурат гирифта, интизор меравад, ки пас аз ба истифода додани он имкониятҳои таълимӣ барои хонандагони маҳал ба таври назаррас беҳтар мегарданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

