Имрӯз, 6 сентябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона сурат гирифт.
Роҳпаймоии осоишта бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳри Бохтар доир гардид.
Тибқи иттилои расмӣ, роҳпаймоӣ бо иштироки зиёда аз 50 ҳазор нафар намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва сокинони шаҳри Бохтар бо шиору навиштаҷоти пурмазмуни бозгӯ аз ифтихори ватандорию хештаншиносӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, пуштибонӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тараннумгари сулҳу ваҳдат, арзишҳои миллию давлатдорӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир шуд.
Зимнан, дар чеҳраи ҳар нафаре, ки дар ин роҳпаймоӣ иштирок дошт, нишоту қаноатмандӣ аз осудагию рифоҳ, сарафрозиву ғурури баланди миллӣ ва эҳсоси гарми хештаншиносӣ намудор буд.
Воқеан 35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи бунёдкорӣ ва ноил шудан ба дастовардҳои бузург гардид. Вале истиқлолият танҳо бо сохтмони роҳу корхона, мактабу беморхона ва неругоҳҳо устувор намемонад. Истиқлолият, пеш аз ҳама, ба ваҳдат, худшиносии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва меҳнати содиқонаи ҳар як фарди ҷомеа ниёз дорад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишварро мебояд баҳри гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии ватани азиз саҳми назаррас гузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ёдоварӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ намуда, иштироки тамоми қишрҳои ҷомеаро дар ин роҳпаймоии осоишта натиҷаи сарҷамъиву осоиштагӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ арзёбӣ кард. «Имрӯз мо дар ин майдони шукуҳманд дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ ҷамъ омадаем, то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷикро бо рӯҳияи баланди миллӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намоем», – идома дод Давлаталӣ Саид.
Раиси вилояти Хатлон ба тамоми иштиокдорон ва дастандаркорони ин роҳпаймоии осоишта миннатдории амиқи хешро баён намуда, сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, афзуд: «Ба ҳар хонадони тоҷик саломатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати ҷовидона ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям».
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

