Имрӯз, 29 август, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор гардид.
Чорабинии фарҳангиву маърифатӣ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он таъриху фарҳанги бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои кишоварзӣ ва саноатӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва иқтидори иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон ба сокинону меҳмонони пойтахт муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кишоварзӣ, саноат, варзиш ва дигар сохторҳо, инчунин меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз гӯшаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боздид карда, бо намунаҳои фарҳангу ҳунар, маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, дастранҷи ҳунармандон ва дигар дастовардҳои минтақа шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ барои ҳар шаҳру ноҳияи вилоят гӯшаҳои алоҳида ташкил гардида буданд. Дар онҳо меваю сабзавот, маҳсулоти полезӣ, хушкмева, маҳсулоти боғдорӣ, ғалладона, дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва молҳои ниёзи мардум ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд.
Дар доираи чорабинӣ 1400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои фурӯш пешниҳод гардид, ки фаровонии маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ ва иқтидори бузурги кишоварзии вилояти Хатлонро бозгӯ менамояд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз пойтахти мамлакат Хатлони бостониро бо таърих, фарҳанг, ҳунар, неъмат ва меҳру самимияти мардумаш ба оғӯш гирифтааст.
Ба гуфтаи Раиси вилоят, баргузории Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон дар Душанбе танҳо як чорабинии идона набуда, балки муаррифии сарзаминест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо яке аз марказҳои муҳими давлатдорӣ, шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, ҳунармандӣ, илму маърифат ва фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад.
Раиси вилоят иброз доштанд, ки Хатлон имрӯз ба пойтахт бо беҳтарин дастовардҳои худ омадааст — бо таърихи пурифтихор, ҳунари асил, суруду навои дилнишин, либоси миллӣ, чакану гулдӯзӣ, маҳсули заҳмати деҳқонон, дастранҷи ҳунармандон ва маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ.
Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати баргузории Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон ба ҳозирин расониданд.
Дар табрикот таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар пойтахти мамлакат барои муаррифии таъриху фарҳанги бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ, анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо аҳаммияти муҳим дошта, ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат менамояд.
Дар гӯшаҳои ҳунармандӣ намунаҳои чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва дигар ҳунарҳои суннатии мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсули эҷоди худро пешниҳод намуда, бо ин васила ҳунари воло, завқи зебоипарастӣ ва фарҳанги қадимаи мардуми Хатлонро муаррифӣ карданд.
Дар баробари ин, барномаи фарҳангии рангин бо иштироки ҳунармандони маъруф ва гурӯҳҳои ҳунарии вилояти Хатлон баргузор гардид. Суруду таронаҳои миллӣ, рақсу мусиқии мардумӣ ва барномаҳои саҳнавӣ фазои чорабиниро боз ҳам идона гардониданд.
Муаррифии таъриху фарҳанги Хатлон
Дар чорабинӣ ба мероси таърихию фарҳангии Хатлон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ таъкид карданд, ки Хатлон сарзамини таърихи зинда ва хотираи пурифтихори миллат буда, бо номи шахсиятҳои бузурги илму адаб ва фарҳанг, аз ҷумла Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Робияи Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин ва Ҳусайни Кангуртӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҳамчунин ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҳулбук, Аҷинатеппа ва Тахти Сангин ҳамчун далели таърихи пурғановати ин сарзамин муаррифӣ шуданд.
Зикр гардид, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани силсилаёдгориҳои «Хуттали қадим» эътирофи байналмилалии ҷойгоҳи ин сарзамин дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки мероси ниёгон танҳо мояи ифтихор набуда, балки масъулияти бузург барои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии он ба наслҳои оянда мебошад.
Фарҳанг — омили рушди ҷомеа
Дар суханронӣ таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон, рушди фарҳанг, тармими ёдгориҳои таърихӣ, дастгирии аҳли эҷод ва муаррифии тамаддуни тоҷикон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва мактабҳои санъат бунёд ва таҷдид гардида, фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, ҳунармандони мардумӣ ва эҷодкорони ҷавон густариш меёбад.
Хатлон — минтақаи дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ
Дар чорабинӣ имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон низ муаррифӣ шуданд.
Зикр гардид, ки вилоят дорои 940 ёдгории таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои табиии нотакрор, чашмаҳои шифобахш ва имкониятҳои фаровон барои рушди сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ, экологӣ, зиёратӣ ва табобатӣ мебошад.
Дар ин замина таъкид гардид, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ беҳтар намудани роҳу инфрасохтор, таҳияи хатсайрҳои мукаммал, омода намудани роҳбаладони касбӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Хатлон бо истифода аз технологияҳои рақамӣ зарур мебошад.
Хатлон — таъминкунандаи бозори мамлакат
Қисмати муҳими чорабинӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумиро ташкил дод.
Раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки ин намоиш-фурӯш танҳо бозори одӣ набуда, балки оинаи имкониятҳои иқтисодии вилоят, муаррифии фарҳанги меҳнат ва натиҷаи заҳмати кишоварзон, саноатчиён ва ҳунармандони Хатлон мебошад.
Вилояти Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, бахусус бозори шаҳри Душанбе, саҳми назаррас дорад.
Беш аз нисфи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол мешавад. Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли ғалладона, пахта, сабзавот, полезӣ, мева, гӯшт ва шир назаррас буда, маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста ба бозорҳои пойтахт ворид мегардад.
Таъкид шуд, ки ҳадафи чунин намоиш-фурӯшҳо наздик намудани истеҳсолкунанда ба истеъмолкунанда, пешниҳоди маҳсулоти тару тоза ва хушсифат бо нархи дастрас ва фароҳам овардани бозори устувор барои кишоварзон мебошад.
Дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои корхонаҳои саноатии Хатлон низ муаррифӣ шуданд.
Маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва дигар молҳои истеҳсоли ватанӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки Хатлон тадриҷан аз минтақаи истеҳсолкунандаи ашёи хом ба минтақаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ табдил меёбад.
Раиси вилоят зарурати рушди коркарди пахта, меваю сабзавот ва дигар ашёи хоми маҳаллиро таъкид карда, изҳор дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти тайёр метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва нигоҳ доштани арзиши иловагӣ дар дохили кишвар мусоидат намояд.
Ваҳдати миллӣ ва дӯстии минтақаҳо
Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру вилоятҳои мамлакат дар пойтахт ифодаи равшани сиёсати давлат дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва наздик намудани мардуми ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мебошад.
Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки неруи Тоҷикистон дар ваҳдати ҳамин гуногунрангӣ, ҳамбастагии минтақаҳо ва садоқати ҳар шаҳрванди мамлакат ба манфиатҳои давлату миллат ифода меёбад.
Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлол
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон дар шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба як чорабинии муҳими фарҳангиву иҷтимоӣ табдил ёфт.
Таъкид шуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ масъулияти ҳар як сокини кишварро барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан бештар менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба роҳбарияти шаҳри Душанбе, аҳли фарҳангу ҳунар, ташкилкунандагони чорабинӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карда шуд.
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо барномаи рангину фарогир, намоиши дастовардҳои соҳаҳои гуногун, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ва барномаҳои мусиқию фарҳангӣ баргузор гардида, ҳамчун намунаи равшани муаррифии таърих, фарҳанг, меҳнат, иқтидори иқтисодӣ ва дастовардҳои мардуми меҳнатдӯсти Хатлон дар пойтахти мамлакат арзёбӣ гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

