ТЕМУРМАЛИК, 29 август. Зимни сафари корӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд.
Дар деҳаи Рӯҳафзои ноҳияи Темурмалик ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд. Бо ташаббуси соҳибкорон — бародарон аз оилаи Хайриддиновҳо дар деҳа як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида, барои таълиму тарбияи фарзандон ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон имкониятҳои нав фароҳам оварда шудаанд.
Яке аз иншооти муҳими навбунёд Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 мебошад. Бинои нави таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 17 синфхона иборат аст. Дар он барои омӯзиши фанҳои дақиқу табиӣ, забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо таҷҳизоту воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин мебошанд.
Ду синфхонаи ҳунаромӯзӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари донишҳои назариявӣ касбу ҳунар ва малакаҳои амалиро низ аз худ намоянд. Барои омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ ва барои хонандагон китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ муҳайё гардидааст.
Дар муассиса ҳамчунин нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ мавҷуд буда, барои таҳсил, истироҳат ва таъмини саломатии хонандагон шароити муносиб фароҳам оварда шудааст.
Ба рушди варзиш низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст. Дар ҳудуди муассиса майдончаи варзишии масоҳаташ 350 метри мураббаъ бунёд шуда, барои гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ имконияти мусоид фароҳам овардааст.
Дар дохили деҳа низ майдончаи футбол сохта шудааст. Иншооти варзишӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи муносиб фароҳам меоранд.
Дар паҳлуи мактаб муассисаи таҳсилоти томактабии «Рӯҳафзо» низ бунёд гардидааст. Кӯдакистон барои фарогирии 80 кӯдак пешбинӣ шуда, дорои ҳуҷраҳои машғулияту хоб, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад. Мавриди истифода қарор гирифтани муассиса барои фарогирии бештари кӯдакони деҳа ба таълиму тарбияи томактабӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Бунёди иншооти нави иҷтимоӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат кардааст. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 барои 60 нафар ва дар муассисаи таҳсилоти томактабии «Рӯҳафзо» барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст. Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзгори сокинони деҳа таъмини оби нӯшокӣ буд. То имрӯз аҳолӣ оби нӯшокиро харидорӣ мекард.
Бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ дар чор нуқтаи деҳа оби нӯшокӣ дастрас гардида, шароити таъмини сокинон бо оби тоза беҳтар шудааст. Ин иқдом яке аз мушкилоти рӯзмарраи мардумро бартараф намуда, барои сокинон сабукии назаррас ба бор овардааст. Барои омӯзгорону мураббиёне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо барои фаъолият ба деҳа меоянд, низ шароити муносиби зиндагӣ фароҳам оварда мешавад. Бо ин мақсад сохтмони 20 хонаи истиқоматӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз 17 хона бо тамоми шароити зарурӣ ва таҷҳизоти рӯзгор омода гардидааст. Манзилҳои мазкур ба омӯзгорону мураббиён ройгон пешниҳод мешаванд.
Фароҳам овардани чунин шароит ба ҷалби мутахассисон ва таъмини муассисаҳои таълимии деҳа бо кадрҳои зарурӣ мусоидат мекунад. Дар самти ободонии маҳал ва беҳтар намудани инфрасохтори роҳ низ корҳои назаррас анҷом ёфтаанд. Бо ташаббуси соҳибкор 12 километр роҳ мумфарш гардидааст. Мумфарш намудани роҳҳо ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинонро осон намуда, ба беҳтар гардидани алоқаи деҳа бо дигар маҳалҳо мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, барои равшан намудани кӯчаҳои деҳа симчӯбҳои барқӣ насб гардида, шароити равшанидиҳии кӯчаҳо беҳтар шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 ва муассисаи таҳсилоти томактабии «Рӯҳафзо» ҳамчун саҳми соҳибкор дар ободии маҳал ва ба сифати қарзи ватандорӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик тақдим гардиданд.
Ҳамин тавр, дар деҳаи Рӯҳафзо ҳамзамон як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳалли худро ёфтаанд. Барои кӯдакону наврасон мактабу кӯдакистон ва шароити варзишӣ, барои омӯзгорону мураббиён манзили истиқоматӣ ва барои сокинон роҳҳои мумфарш, равшанидиҳии кӯчаҳо ва оби нӯшокӣ фароҳам оварда шудааст. Моҳияти ин иқдомҳо танҳо дар бунёди иншооти нав нест. Арзиши аслии онҳо дар он ифода меёбад, ки ҳар як ташаббус ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум равона шудааст.
Чунин иқдомҳои созанда ба сиёсати ободкорона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг буда, намунаи масъулияти соҳибкори ватандӯст дар назди Ватан ва ҷомеа мебошанд.
Бунёди иншооти иҷтимоӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити муносиб барои аҳолӣ қадами муҳим дар роҳи ободии деҳа, рушди маҳал ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

