РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АҲЛИ СОҲАИ МАОРИФРО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ, ДАРСИ СУЛҲ ВА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ТАБРИК ГУФТАНД

БОХТАР, 1 сентябр. — Субҳи имрӯз, 1 сентябр, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндагони мақомоти давлатӣ, устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони соҳаи маорифи вилоят иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аҳли илму маориф, донишҷӯёну хонандагон ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, зеҳни бурро, хониши хуб ва рафтори намунавӣ орзу намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Рӯзи дониш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни илму маърифат ва оғози марҳилаи нави таълиму тарбия бо баргузории Дарси сулҳ таҷлил мегардад. Ҳамасола Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз тавассути суханронии пурмуҳтаво ба масъалаҳои рушди маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, тарбияи насли наврас ва таҳкими сулҳу субот таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Раиси вилояти Хатлон аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иқтибос оварда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки:

«Барои мо – мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб меёбад».

Ҳамчунин зикр гардид, ки расидан ба қадри сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди огоҳу солимфикри кишвар мебошад.

Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромӣ муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди мардуми Тоҷикистон буда, ҳифз ва таҳкими онҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, фароҳам овардани шароити созгор барои кормандони соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд.

Ба гуфтаи раиси вилоят, бунёди маорифи миллӣ ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» далели таваҷҷуҳи махсус ба мақоми омӯзгор ва рушди соҳаи маориф арзёбӣ гардид.

Раиси вилояти Хатлон аз суханони Пешвои миллат дар бораи ҷойгоҳи мактаб ва омӯзгор низ ёдовар шуда, таъкид карданд:

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем».

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки омӯзгор дар бунёди ҷомеаи солим ва давлати миллӣ нақши калидӣ дошта, маҳз бо заҳмати содиқонаи омӯзгорон насли донишманду соҳибмаърифат ба камол мерасад. Аз ин рӯ, омӯзгорон, бахусус омӯзгорони ҷавон, ба риояи ахлоқи нек, баланд бардоштани сатҳи касбӣ, зиракии сиёсӣ ва иҷрои масъулияти касбии худ даъват карда шуданд.

196 муассисаи таълимӣ дар ду соли охир бунёд ва азнавсозӣ шуд

Дар идомаи суханронӣ гуфта шуд, ки дар вилояти Хатлон ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаи Пешвои миллат дар ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 196 муассисаи таҳсилоти умумиро ба маблағи 393 миллиону 550 ҳазор сомонӣ барои 34 ҳазору 848 ҷойи нишаст дар як баст бунёд, таъмир ва азнавсозӣ намудаанд. Таъкид шуд, ки ин иқдом минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Ҳамзамон, дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи муҳими сатҳи рушди давлату миллат ва омили асосии ташаккули неруи инсонӣ арзёбӣ гардид. Дар ин замина, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат маблағгузории соҳаи маориф дар вилояти Хатлон пайваста афзоиш ёфта, дар панҷ соли охир ин нишондиҳанда 2,2 баробар зиёд шудааст.

Дастгирии омӯзгорону хонандагони пешсаф идома меёбад

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии кормандони илму маориф, донишҷӯён ва хонандагони пешсаф як қатор иқдомҳои ҳавасмандгардониро роҳандозӣ намудааст.

Аз ҷумла, озмунҳои «Омӯзгори ифтихории Хатлон», «Соҳибватан», «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф» ва ғолиби «Парчами сайёр» баргузор мегарданд.

Ғолибони озмунҳо, инчунин гирандагони аттестатҳои аълои универсалӣ ва равиявӣ, ки бо медалҳои тилло ва нуқра сарфароз шудаанд, дар оғози соли нави таҳсили 2025–2026 бо маблағи умумии 580 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардида буданд.

Инчунин, беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф барои гирифтани мукофотҳои давлатӣ пешниҳод гардида, барои олимону устодон, омӯзгорони варзида ва хонандагони аълохону эҷодкор стипендияҳои раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудаанд.

Таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ, технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ

Дар ҷамъомад бо истинод ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати техникаву технологияҳо ва густариши зеҳни сунъӣ соҳиби илму дониш будан аҳаммияти бештар пайдо кардааст.

Зикр гардид, ки имрӯз на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос сарвати асосии давлатҳо ба ҳисоб мераванд.

Аз ин рӯ, хонандагону ҷавонон ба омӯзиши пайвастаи илм, касбу ҳунарҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ даъват шуданд.

Дар суханронӣ таъкид шуд, ки ҳар як инсон бояд дар интихоби касб дуруст амал намояд, зеро касбу ҳунар инсонро мустақил намуда, барои пайдо кардани ҷойгоҳи муносиб дар ҷомеа замина фароҳам меорад.

Тарбияи насли ватандӯст – вазифаи муҳими омӯзгор

Дар идомаи суханронӣ масъалаи тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстии насли наврас низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҳассосу пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, густариши равияҳои ифротӣ ва радикализми динӣ, терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарнок рисолати муҳими омӯзгорон тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва инсонпарварӣ мебошад.

Раиси вилоят изҳор доштанд, ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, бояд тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Дар ин раванд, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи эҳтиром ба забони модарӣ, таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои миллӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ аҳаммияти хос дорад.

Рӯзи дониш дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Дар фарҷоми суханронӣ таъкид гардид, ки имсол Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд ва ин ҳамбастагӣ барои аҳли маориф мояи ифтихор ва масъулияти бештар мебошад.

Зикр шуд, ки маҳз дар даврони истиқлол соҳаи маорифи кишвар ба пешрафту такомул расида, барои рушди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва тарбияи истеъдодҳои нав шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилояти Хатлон аҳли маорифро ба фаъолияти боз ҳам самаранок, истифодаи имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ва тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат даъват намуда, ба хонандагону донишҷӯён тавсия доданд, ки вақти худро ғанимат дониста, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба омӯзиши илм, касбу ҳунар ва технологияҳои муосир машғул шаванд.

Дар фарҷом Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аҳли маориф, омӯзгорон, донишҷӯён, хонандагон ва падару модаронро ба муносибати Дарси сулҳ, Рӯзи дониш ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бори дигар табрик намуда, орзу карданд, ки маорифи миллӣ ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пойдору ҷовидон буда, пояҳои сулҳу ваҳдат ва суботу оромӣ дар кишвар ҳамеша устувор бошанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles