Имрӯз, 6 сентябр, дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои нави бунгоҳи тиббӣ ва дорухона дар деҳаи Вахшрӯд мавриди истифода қарор дода шуд.
Деҳаи Вахшрӯд аз маҳаллаҳои дурдасти ноҳияи Кӯшониён ба ҳисоб рафта, то имрӯз сокинони он аз набудани муассисаи тиббӣ дар маҳалли зисташон ба мушкилоти муайян рӯ ба рӯ буданд. Барои гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ, муоина, табобат ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ сокинон маҷбур мешуданд ба маркази ҷамоат ва шаҳри Бохтар муроҷиат намоянд.
Ин ҳолат, бахусус барои пиронсолон, занон ва кӯдакон, ки бештар ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ ниёз доранд, мушкилоти иловагӣ эҷод мекард. Акнун бо ба истифода додани бунгоҳи тиббии нав сокинони деҳа ва маҳаллаҳои атроф метавонанд хизматрасониҳои аввалияи тиббиро дар наздикии маҳалли зисти худ дастрас намоянд.
Бинои бунгоҳи тиббӣ ва дорухона аз ҷониби соҳибкор Муродов Иброҳим бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ барои аҳолии маҳаллӣ сохта шудааст. Арзиши умумии корҳои сохтмонӣ 210 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бунгоҳи тиббӣ аз ду утоқи корӣ иборат буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои чор нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад. Кормандони бунгоҳ минбаъд ба аҳолии маҳаллаҳои деҳаи Вахшрӯд хизматрасонии тиббӣ расонида, барои пешгирии бемориҳо, ташхиси аввалия ва расонидани ёрии зарурии тиббӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамзамон, дар назди бунгоҳи тиббӣ дорухонаи нав ба фаъолият оғоз намуд. Ба истифода додани дорухона низ барои ду нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё месозад. Фаъолияти дорухона имкон медиҳад, ки сокинони деҳа доруворӣ ва дигар маводи зарурии тиббиро дар маҳалли зисти худ дастрас намоянд.
Зимни боздид аз иншоот таъкид гардид, ки бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти иҷтимоӣ дар маҳалҳои дурдаст барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад. Фароҳам овардани шароити дастрас барои гирифтани ёрии тиббӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

