АЗ ДАФТАРИ ЁДДОШТ САБАҚИ ТАЪРИХ

БА ЛУТФУ МАРҲАМАТ ДИЛҲО НИГАҲ ДОР
Вобаста ба аҳаммияти забондонӣ, муомила ва корбарӣ бо корпуси дипломатӣ, як рӯйдоди ҷолиб дар хотирам мондааст.
Ман охирҳои моҳи феврали соли 1997 ба Сафорат омада будам. 8-уми марти ҳамин сол дастгоҳи Раисҷумҳури Эрон мушовирони корпуси дипломатиро даъват кард.
Ин аввалин вохӯрии ман бо намояндагони дастгоҳи дипломатӣ буд.
Китоби дарсии забони англисии Рогова ва Рожковаро бо изофаи дастури хониши иловагӣ чапу рост омӯхта, аз ёд карда, акнун ба хондан ва тарҷума намудани рӯзномаҳои англисӣ дар сафорат оғоз карда бошам ҳам, хориҷии зиндаеро, ки бо ӯ бо ин забон суҳбат кунам, надида будам.
Дар ин вохӯрии аввалин, яке аз дипломатҳои ғарбӣ, ғайричашмдошт, гӯё «бадқасдона» ба ман наздик шуда:
Good morning, mister! – гуфт.
Ман ҳам, албатта, посух додам. Аммо дипломати хориҷӣ:
– I am councellоr-minister of the Finland Embassy Cеkkоnеn. And You? (Ман кордори сафорати Финландия Кекконен ҳастам. Шумо?)
– I am councellоr of Tajik Embassy (Ман мушовири Сафорати Тоҷикистон мебошам), – посух додам ман.
– I am very sorry, practically, we don’t have any kind of real information concerning the situation in your country. Can You explain me what is the causes of civil war in Tajikistan? How the situation is going on now? (Мебахшед, ман амалан нисбат ба вазъ дар Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ надорам. Сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари шумо аз чӣ иборатанд? Ҳоло вазъ чӣ гуна ва равиши ҳаводис ба чӣ шакл аст?)
Ман каме андеша кардам. Суоли дипломати хориҷӣ аниқ буд. Аммо барои бо истилоҳоти тахассусии забони англисӣ ба ин таваҷҷуҳи мушаххас ҷавоб додан омодагии пурра надоштам. Ранг бурда, ба дипломати финландӣ гуфтам:
– I am very sorry. I am а little busy for the Your very broad and complicatеd question now (Аз Шумо маъзарат мепурсам, ҳоло каме банд ҳастам, айни замон барои посух додан ба ин суоли доманадор ва мураккаб фурсат надорам), – гуфта, ҷони худро аз ин суҳбат халос кардам ва «busy» будани худро «исбот» карданӣ шуда, маъракаро тарк намудам.
Ба Сафорат баргашта, ин мавзуъро бо тамоми ҷузъиёти истилоҳӣ, ба забони русӣ омода, ба забони англисӣ тарҷума ва аз ёд кардам. Боз дар назди худ чандин суолу ҷавоби баҳсбарангез гузошта, «тиру камон гирифта», ба суҳбат бо ин дипломати сарсахт омода шудам.
Моҳи дигар, охирҳои апрел Сафорати Австрия чорабиниеро ташкил ва маро ҳам даъват кард. Ман аз маърака дида, ба дидори Кекконен, ҳамон дипломати финландӣ завқманд будам.
Чун ба он Сафорат омадам, бо як нигоҳи умумӣ ӯро пайдо накардам.
Хориҷии мавриди назар як шахси зардинаи лоғарандоми қаддароз буда, чашмони калон – калони гулобӣ, риши тунуки кӯтоҳ, мӯйҳои ҷингилаи «ҳазор сол» шонанадида дошт.
Акнун бовар ҳосил кардам, ки ҷавони хира ба ин чорабинии дипломатӣ наомадааст, ки рӯйи хунукаш ба назар нарасид.
Ногаҳ аз пушти ман як нафар:
– Hello, My dear friend! I think You are free now? (Салом, дӯсти азизам! Фикр мекунам, акнун Шумо бекортар шудаед?).
Баргаштам. Кекконен.
Хушҳол шудам. Гӯё муаллиме рӯзи имтиҳони дохилшавӣ ба мактаби олӣ, дидаву фаҳмида, тибқи маслиҳат, аз ман суоли медонистагиамро мепурсида бошад.
Барои он ки аз шармандагии вохӯрии қаблӣ халос шавам ва ҳамзамон ормони англисидонии худро шиканам, Кекконен мехост ё намехост, ман мисле магнитофон монда бошанд, нарезондаву начаконда, ҳама гапро ба ӯ «қоил» шудам. Диламро холӣ кардам.
Дипломати қаддароз ду-се суоли иловагии дигар ҳам дод. Мисли омӯзгоре, ки мехоҳад нисбат ба донишҳои шогирдаш муътақид шавад ва баҳое ба ӯ гузорад. Кӯшидам ба суолҳо ҳам посух диҳам.
Намедонам, марди финландӣ суханҳои маро фаҳмид ё не. Аммо ман ба Сафорат қаноатманд баргаштам.
Баъдан мо бо Кекконен ошно шудем. Як вақт ӯ маро ба сафораташон даъват кард. Бори дигар ман ҷавоби меҳмонии ӯро баргардонидам.
Аз ин мулоқот руҳ гирифта, ман шабонарӯзӣ матнҳои гуногуни дипломатиро дар мавзуъҳои рӯзмарра ва ҷолиби таваҷҷуҳи сиёсати дохилӣ ва берунии Тоҷикистон, Эрон, кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама, Афғонистон, омӯхта, аз ёд мекардам.
Бори дигар бовар ҳосил кардам, ки бидуни донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ, кори дипломатиро тасаввур кардан мумкин нест.
Дипломат, сарфи назар аз он ки кадом забони хориҷиро медонад ё не, забони анлисиро бояд баробар бо лафзи модариаш, бо дефинитсияҳо, категорияҳо, мафҳумот, истилоҳот, ибора ва гардишҳои таъбирӣ бо риояи талаботи грамматикии замонҳои гузашта, ҳозира, оянда ва ҳаждаҳ тобиши замонии он донад. Аз таърих, ҳаводиси замони муосири кишвар, минтақа ва ҷаҳон хуб огаҳ бошад, тавассути имконоти лафзи хориҷӣ онро бехато тафсир карда тавонад. Дар акси ҳол дипломат ё албатта, нафаре, ки ба хориҷи мамлакат, ҳатто сафари якрӯзаи хизматӣ дошта бошад ҳам, яқин худашро дар ҳолати ногувор мемонад. Бадтар аз ин, обрӯ ва манзалати кишварашро зери суол мебарад.
Барои ҳамин ман китоби «International Relations: A Political Dictionary» – (L.Ziring, Gack C. Plano, Roy Olton, Santa Barbara, California. 1995)-ро аз мағозаи китоби Вазорати корҳои хориҷии Эрон пайдо карда, харидам. То тавонистам, тамоми истилоҳоти асосии онро, ки зиёда аз панҷсад саҳифаро дар бар мегирад, бе рӯйнавис аз ёд намоям ва худро бо усули махсус, ҳафткарата имтиҳон ҳам кардам. Чунин усули худомӯзиро, ки бақайдгирии дақиқи рамзӣ дорад, саҳлангорӣ ва содагиву зудбовариро ба рафт ва натиҷаи кор бо луғат истисно мекунад, бо гузашти вақт ба кормандони идора, махсусан, сардорони раёсатҳо, бо овардани намунаҳои кор, бо истифодаи низоми «Мисли ман ва аз ман беҳтар кор кун», нишон додам.
Баъдан, ин таҷриба барои тамоми фаъолияти ман, ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни кишвар, муҳимтарин дастури коромади истилоҳӣ, назариявӣ ва муқаддимаи асили омӯхтани илмҳои муносиботи байналхалқӣ, сиёсати ҷаҳонӣ ва дипломатия шуд.
НИҲОН КАЙ МОНАД ОН РОЗЕ, К-АЗ Ӯ СОЗАНД МАҲФИЛҲО
Дар Теҳрон мо кӯшиш мекардем, ки ҳар чӣ бештар алоқаҳои барои кишвар муфид дошта бошем.
Тавре ишора рафт, дар Сафорат ягон нафари мо аз таҷрибаи корӣ дар муносиботи байналхалқӣ бархӯрдор набудем. Аммо нақшабандӣ карда, дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии имзошуда, манфиатҳои рӯзмарра ва ояндаи мамлакатро ба инобат гирифта, бо сохторҳои марбутаи кишвари иқомат, созмонҳои байналхалқӣ ва дипломатҳои кишварҳое, ки Тоҷикистон дар муносиботи хуб бо онҳо манфиатдор буд, ташаббускорона алоқа барқарор менамудем.
Сарпарастии самти робита бо кишварҳои Ғарб ва созмонҳои байналхалқӣ ҳам ба ман вогузор шуда буд.
Аввалҳои моҳи июни соли оғози хидмати дипломатӣ, дар яке аз чорабиниҳо дар Сафорати Олмон, як ҷавонмарди қоматбаланди гандумгуни чеҳракушод назди ман омад. Салом дод ва худро муаррифӣ кард:
– Ман Кумар Мишра, кордори Сафорати Ҳиндустон.
Ман ҳам ба саломи ӯ гарм ҷавоб дода, худро шиносонидам.
– Шояд Шумо хабар дошта бошед. Бо ташаббуси Сафорати мо як маҳфили таҳлилӣ – сиёсӣ ташкил шудааст. Он «Asian political group» ном дорад. Муддати якуним сол аст, ки ҷаласаҳои мо муваффақона идома доранд. Ҳар моҳ ба навбат дар сафоратҳои аъзои гурӯҳ ҷамъ мешавем. Аз Осиёи Марказӣ касе дар ин гурӯҳ аъзо нест. Ҳама баҳонаи надонистани забони англисиро пеш меоранд. Агар майл дошта бошед, мо Шуморо ба аъзоӣ дар ин маҳфил даъват мекунем, – гуфт бо тафсил Мишра.
– Шарти аъзоии ҷамъомад ва вазифаҳои он аз чӣ иборат аст? – пурсидам ман.
– Мо як ҳафта қабл аз оғози ҷаласаи навбатӣ, ки шоми рӯзи душанбеи аввали ҳар моҳ баргузор мегардад, ба тарзи хаттӣ аъзои гурӯҳро хабар мекунем. Ҳамзамон, ду мавзуъро барои муҳокима пешниҳод менамоем. Мавзуи аввал яке аз масъалаҳои мубрами вазъи дохилии кишвари иқомат ва мавзуи дуюм, муҳокимаи масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа дар доираи муносибот бо Эрон мебошанд.
Оид ба мавзуи аввал гузоришдиҳанда мизбон мешавад. Доир ба мавзуи дуюм мо таҳлили дипломатеро гӯш мекунем, ки дафъаи навбатӣ масъулиятро бар дӯш дорад. Аммо дар муҳокимаи мавзуъҳо ҳамаи дипломатҳо фаъолона ширкат меварзанд. Касе дар се ҷаласа пайи ҳам баромад накард, вобаста ба мавзуъ мавқеи худро изҳор надошт, ҷаласаи ғайринавбатӣ бо иловаи зиёфат бар дӯши ӯст, – гуфта, ҳинду бо ханда дандонҳои сап-сафедашро намоиш дод.
Ман, албатта, баъди иҷозати роҳбари намояндагии Тоҷикистон розигии худро ба нишони электронии Мишра ирсол кардам. Ӯ низ қаноатмандиашро ба тасмими ман оид ба чунин ҳамкорӣ иброз дошт.
Ҳамин тариқ, ман аввалин бор аъзои чунин маҳфил гаштам. Минбаъд «Asian political group» бароям дарси хуби омӯзиш, таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ дар доираи салоҳияти дипломатӣ шуд.
Айни ҳол ёд надорам, ҷаласаи дуюм ё сеюми ин ҷамъомад буд. Мишра, ки худаш асосгузор, роҳбар ва яке аз беҳтарин таҳлилгарони маҳфил шинохта мешуд, дар рафти ҷаласа ногаҳон аз ман пурсид:
– Муҳтарам кордори Сафорати Тоҷикистон, ғайр аз масъалае, ки оид ба сиёсати хориҷии Эрон муҳокима гардид, боз кадом рӯйдод ба фикри Шумо, дар моҳи сипаришуда барои кишвари иқомат муҳим буд?
Ман зиёд фикр накарда, сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон оғои Саид Муҳаммади Хотамиро ба Ҷумҳурии Мисри Араб ба хотир овардам. Санадҳои дар он имзошударо як-як номбар кардам. Муҳтавои мусоҳибаи матбуотии сарони Эрон ва Мисрро ба аъзои маҳфил расонидам.
Мишра ва дигарон бодиққат маро гӯш карданд.
Ман дидам, ки ӯ боз ким-чӣ гуфтаниеро аз ман интизор аст. Рост ба ман нигоҳ мекунад. Оқибат намуди ҷиддӣ гирифта, Мишра худро кафонд:
– Бародари азиз! Гузориш хуб буд. Ман маъзарат мехоҳам. Мо ҳам аз ин маълумоте, ки ба аъзои гурӯҳ расонидед, на камтар аз Шумо огоҳ ҳастем. Охир, бигӯед, сабабҳои аслии наздик шудани Эрону Миср дар ду-се соли ахир, ба фикри Шумо, аз чӣ иборатанд? Ин муносибатҳоро чӣ натиҷае интизор аст? Дар доираи вазъияти минтақавӣ чунин алоқамандӣ кадом оқибатеро ба бор хоҳад овард?
Албатта, то ҳадди тавон, ман ба ин суолот посух додам. Ҳоло намедонам, ҷавобҳои ман касеро аз аҳли маҳфил қонеъ кард ё не? Аммо чунин тарзи масъалагузорӣ барои ман сабақи ибратомӯз гардид.
Бо гузашти понздаҳ сол, ҳангоме ки ман дар Париж, дар яке аз ҷаласаҳои ЮНЕСКО чун сафир ширкат доштам ва гузориш додам, дар танаффус, вақте коғазҳои худро ҷамъ мекардам, як нафар болои сарам омада, ба ман салом дод. Аз ҷо бархостам. Нигоҳ кардам, Мишра. Мо гарм вохӯрӣ намудем. Сафири Ҳиндустон дар Британияи Кабир будааст. Бо ҳам Теҳрон, ҷаласаҳои APG ва дӯстиву рафоқати худро хеле бо некӣ ёдоварӣ кардем.
ҶАБРИ ТАЪРИХ ЯГОН ҚАВМ
НАДИДАСТ, КИ МО
Соли аввали хизмати дипломатӣ, миёнаҳои моҳи май. Сафир Тошмад Назиров, ки марди ботаҷриба буд, маро ба дафтари кориаш даъват кард:
– Вазъият, дар натиҷаи амалҳои ифротгароёни динӣ ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам берун аз он мураккаб боқӣ мемонад. Муллоҳо тавонистанд, бо суиистифода аз эътиқодот бисёре аз ҷавононро гумроҳ карда, ба кишварҳои исломӣ баранд. Дар пойгоҳҳои террористӣ омӯзиш диҳанд. Сипас ба Тоҷикистон барои анҷом додани амалҳои тахрибкорона ворид созанд.
Фоҷиаҳои ахирро дар кишвар сабаб ҳамин аст.
Ин як бадбахтӣ, камхирадии дар олам аз ҳама беш ва шӯридасарии баъзе фарзандони ҳамин мардум аст, ки барои куштани ҳамватани хеш ва бесуботгардонии давлат аз аҷнабиҳо имдод мепурсанд. Бо пулу пайсаи онҳо хонаи худро ба доми оташ мекашанд. Дар байни онон одаме пайдо намешавад, ки ин сифлапарвариро эҳсос кунад, дарк намояд, хотима бахшад.
Сафир суханашро кӯтаҳ карданӣ шуд, ки аз Ҳофиз ин байтро хонд:
Гар ранҷ пеш ояду гар роҳат, эй ҳаким,
Нисбат макун ба ғайр, ки инҳо Худо кунад.
Дар корхонае, ки раҳи ақлу фазл нест,
Фаҳми заиф рои фузулӣ чаро кунад?
Ва ба ман бо як табассуми маънидорона нигоҳ кард. Албатта, вақте ки аз дасти бандагон коре намеояд, осонтарин роҳ аст, ки он мушкилро ба Худо ҳавола кунанд, то ҳадди ақал, эҳсоси дард осон шавад. Яқин, байти дуюм аҳволи баъзе гурӯҳҳои иҷтимоии ноамнро хубтар тафсир мекард.
Дар охир матлаби даъватро иброз дошт:
– Боиси таассуф аст, ки дар худи Эрон наздик ба ҳазор нафар наврасону ҷавонони мо ба қавле паноҳанда шудаанд. Онҳо ба чӣ кор машғуланд, касе намедонад. Мабодо ба таълимгоҳҳои зери суол ҷалб шаванд ва вориди сафи гурӯҳҳои террористӣ гарданд.
Ба сафир:
– Бифармоед, чӣ кор кунам? – гуфтам.
– Ман пасфардо намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Эрон граф фон Шуленбергро барои субҳонаи корӣ ба Сафорат даъват кардаам. Суҳбати мо махфӣ мешавад. Албатта, дар хусуси кишвари иқомат ҳам бояд ба баъзе масъалаҳо рӯшанӣ андозем. Аз ҳамин лиҳоз, наметавонем, корманди маҳаллии Сафоратро чун тарҷумон истифода кунем. Шумо акнун дар байни сафоратҳои дӯст шиносҳову рафиқҳо пайдо кардед. Кадоми онҳоро шоиста ва боваринок мешуморед, ки ба ҳайси тарҷумон даъват кунем.
Ман ба андеша фурӯ рафтам. Донистам, касеро, ки ба Сафорат ба ҳайси тарҷумон даъват намоем, натиҷаи он суҳбат, ки ҷаноби сафир «рӯшанӣ андохтанӣ» аст, пеш аз ба Душанбе расидан, тезтар ва мақсаднок ба ҳамин кишвар маълум хоҳад шуд.
– Боке нест. Ман худам тарҷума мекунам! – гуфтам ман бо боварӣ.
– Мушовири муҳтарам, дониста бош, ки мо дар суҳбат масъалаҳои ҷиддиро мавриди баҳс қарор медиҳем. Маънову мафҳуму истилоҳоти гуногун истифода мешаванд, – гуфт ҷаноби сафир.
– Мо ин корро карда метавонем, – изҳор доштам бо итминон.
Сафир аз ин қотеият истиқбол кард.
Рӯзи мулоқот расид. Бо ҳамроҳии сафир граф фон Шуленбергро дар дами дарвоза пешвоз гирифтем.
Ӯ як марди тахминан панҷоҳ-панҷоҳу панҷсола, қадбаланд, қоқина, бо пешонии васеъ, чашмони кабуд, рӯйи дароз, бинии рост, лабони тунук ва зардина буд. Дар мобайни манаҳаш нуқтаи мисли як тугмачаи хурд дарунрафта, бо мӯйи аз одат дарози гӯиё бо даст шонакарда дошт. Дар як нигоҳ Авраам Линколнро мемонд.
Сафир ба ин вохӯрӣ тайёрии хуб дида буд. Фоҷиаеро, ки гурӯҳи иғвогари ҳукуматхоҳ бо суиистифода аз шиорҳои исломӣ ба сари мардуми тоҷик оварда буданд, ба тафсил шарҳ дод. Чанд таклиф пешниҳод кард.
Граф дар даст ягон китоб надошт. Ба дафтару қаламе, ки тибқи протокол, мо барои ӯ болои миз гузошта будем, даст ҳам назад. Аммо хеле бодиққат ба гузориши сафир гӯш кард. Баъдан, ба нуқтаи номаълуме нигариста, зонуро болои зону гузошта, ба гап даромад:
– Ташаккур, ҷаноби сафир барои гузориши батафсил.
Тавре мебинам, Шумо таърихи навтарини Ватани худро ҳамчун мутахассис хеле хуб, бо муҳокимаронӣ ва таҳлил медонед. Гузоришатон бо далелҳои мушаххас боварибахш буд. Ман эҳсос кардам, ки ҳамчун намояндаи кишвари худ, аз Созмони Милал имдод мехоҳед.
Бояд бигӯям, аз бозе ки хоҳиши мулоқот кардед, ман ҳам кӯшиш кардам, то нисбат ба Тоҷикистон бо баъзе маводи таърихӣ ва муосир шинос шавам.
Хоҳишу дархости Шуморо асоснок мешуморам. Мо кӯшиш мекунем, то ҳадди имкон, ба гурезаҳо ва кишвари Шумо ёрдам кунем.
Аммо фоҷиаи тоҷикон имрӯзӣ нест. Зиёда аз ҳазор сол идома дорад. Фақат дар давоми ҳафтод соли Ҳукумати Шуроҳо, гарчанде муносибати на ҳама ба ин табаддулот якхела аст, тоҷикон ҳамчун миллат шинохта шуданд.
Бадбахтии халқи Шумо дар дарозмуддат надоштани давлат аст. Маҳз бо ҳамин сабаб тоҷикон натавонистаанд ҳамчун миллат ҷаҳонбинии зеҳнии умумияти генетикиро то ба охир дар мағзи худ асос гузоранд. Ташаккул диҳанд. Мустаҳкам намоянд. Ин вазифаи ҳамватанони ҳушманди имрӯзаи Шумост.
Дар тули таърих Шумо шахсиятҳои бузург – шоирон, нависандагон, олимон доштед. Аммо онҳо дастрасӣ ба ҳокимияти сиёсӣ надоштанд. Хизматгорони дарбори бегонагон буданд. Сулолаҳое, ки халқи тоҷик зери қаноти онҳо ташаккул меёфт, барои инкишофи худшиносии миллии Шумо манфиатдор набуданд.
Сафир каме таваққуф карда, суханашро идома дод:
– Воситаи роҳбарии инсонҳо ҷаҳонбиниҳост. Ғосибони қаламрави таърихии Шумо дини Исломро беҳтарин воситаи зери султаи худ гирифтани мардум истифода карданд. Шумо омилҳои шикаст ва воситаи пайванди ин азҳамрезии миллати худро дар берун накобед. Касони дигарро гунаҳгор нашуморед. Ин ноомади кор дар дохили миллати худи Шумост.
Ман дар Афғонистон ва Эрон бо бисёр гурезагони тоҷик вохӯрдам. Шумо нагӯед, ки оппозитсияи давлати имрӯзаатон танҳо исломиҳо ҳастанд. Ин нодуруст аст. Дар байни онҳо зиёиён, докторҳои илм ҳам бар зидди давлати Тоҷикистон байрақ бардоштаанд. Муллоҳои шумо зиёиянд. Зиёиёни Шумо мулло. Бадбахтии миллати Шумо дар ҳамин аст. Он қисмати мардуми одӣ, ки аксариятанд, ғайр аз гиребони худро гирифта тавба кардан, азият кашидан, мутаассифона, чораи дигар надоранд. Ман намехоҳам хотири Шуморо малол кунам. Аммо дар назар дошта бошед, гарчанде аз гуфтанаш метарсам, агар Шумо аз ин бало халос шудед, дар балои дигар мезанед. Ин ҷараёни беохир то он замоне идома хоҳад ёфт, ки миллати Шумо «ман тоҷик ҳастам» нагӯяд. Ва ҳама дороиву нодориашро сарфи мафҳуми ҳамин гуна ҷаҳонбинӣ накунад. Шакли фоҷиавии ҷаҳонбинӣ ба бадбахтии абадӣ мебарад. Ҳар миллат ба ҳамон сохти давлатдорие меарзад, ки чунон маърифат ва чунин маънавиёт дорад. Сифати ташаккули худшиносии халқ дар шакли давлатдории он таҷассум меёбад.
Ман моҳи майи соли 1992 ҳангоми дар дастгоҳи марказии СММ кор кардан, бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе будам. Замони оғози нооромиҳо. Ба масҷиди марказӣ рафтам, ки меҳмонхонаи мо дар назди он ҷойгир буд. Он ҷо ҷузъиёти «беақлӣ ва бехирадии ҳамагонии дастаҷамъӣ ва муташаккил»-ро дидам.
Донистам, ҷавонони Шумо зери раҳбарии муллоҳо омодаанд, кишвари худро хароб кунанд. Бародари худро ба шаҳодат расонанд. Ин ҳам айби онон нест. Айби таърих аст, ки як миллатро тавассути як ҷаҳонбинӣ ғулом кардааст ва лаҷоми онро ҳар касе, ки ақл, пул, қудрат ва минбар дорад, мегирад ва миллатро ҳамон тарафе хоҳад, мебарад. Ана ҳамин аст фоҷиаи Шумо.
Мо метавонем дарди Шуморо тавассути «мусаккинҳои дипломатӣ» сабук кунем, аммо онро аз байн бурда наметавонем. Касе, ки ғарқ шуда истодааст, аввал бояд худаш кӯшиши аз фано халос шудан кунад. Ин қаҳрамониро барои миллати немис руҳонии донишманд Лютер карда буд. Ва баъд аз он давлати миллии немис пайдо шуд. Корро бояд тарзе ташкил кард, ки халқ худро дар муқоиса бо дигарон шиносад. Бо ҷаҳонбинии худ, худро ҳимоя карда тавонад. На имрӯз, на рӯзи дигар ба умеди ягон давлату ташкилот нашавад. Соҳиби тақдири худ бошад.
Сафир ҳам ин суханонро хеле бурдборона гӯш мекард. Мо гумон кардем, ки иштирокдори ягон андарзи фалсафаи сиёсӣ ҳастем.
Ман аввалин бор чунин суханҳоро аз ҷониби намояндаи як миллати «падардор»-и Ғарб мешунидам. Ва бароям ҳамин қадар фалсафа бас буд, ки мулоқотро «муваффақона» ҳисоб кунам.
Ба сафир нигоҳ кардам. Ӯ ҳам аз ин суҳбат баҳра гирифта, қаноатманд менамуд. Ва суханҳои графро ҷамъбаст карда, гуфт:
– Ҷаноби Шуленберг, суханҳои Шуморо бояд таърихнависон сабт кунанд, ки дигарон ҳам аз он истифода намоянд.
Граф посухи аҷоиб дод, ки ба назари ман хотирмон буд:
– Ҷаноби сафир, масъалаи доимии омӯзиши таърих – одамон, ҳадафҳо, ҷараён ва натиҷаи замонии онҳо дар се фасл аст: гузашта, имрӯза ва оянда. Яъне мавзуи таърих ҳамин ҳафт ҷузъи ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад.
Мавзуи марказии Тоҷикистон, то он ҷое, ки ман медонам, дар ҳамин се замон – гузашта, имрӯза ва оянда ду чиз аст: Ақлу Хирад ва ҳар мафҳуми дигаре, ки ин истилоҳотро тафсир мекунаду пурра мегардонад. Инсонҳо мебояд шуури ахлоқии заминӣ дошта бошанд. Ва ҳар ҳолати руҳиву равоние, ки одамро аз вазифаи асосии худаш, сохтани тақдир, таърих ва имрӯзу ояндааш дур мекунад, бояд ҳазф шавад.
Ин мулоқот мураккабтарин тарҷума дар оғози кори дипломатии ман буд.
Мо барои граф як пиёла чой ҳам омода карда будем. Ӯро даъват кардем. Граф эҳтиромона узрхоҳӣ кард. Ва бо мо хайру маъзур намуду рафт.
Албатта, ин аввалин дарсе буд, ки мо дипломатҳои тоҷик аз нафари баландпояи СММ гирифта будем.
Баъди хайрухуш ман ҳарчӣ тезтар ҳисоботи вохӯриро бо граф фон Шуленберг навиштам. Фалсафаи ӯро ҳам батафсил дарҷ кардам. Нусхаи онро барои хотира ва эҳтимолияти истифода дар бойгонии худ нигоҳ доштам. Баъдтар, дар чандин вохӯриҳо бо донишҷӯёни тоҷик дар Қазвин, Теҳрону Исфаҳон истифода намудам.
(Аз китоби С. Ятимов
«Ёддоштҳо», қисми 2, Душанбе,
«Эко Принт», 2024, саҳ. 293-294, 323-338)

Related Articles