БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ КӮДАКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Имрӯз, 17 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Вахш бо рафти корҳои сохтмонии кӯдакистони нав, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Вахш аз наздик шинос шуданд.

Иншооти мазкур барои 280 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, пас аз ба истифода дода шудан барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва нигоҳубини кӯдакон нақши муҳим хоҳад гузошт. Бунёди чунин муассисаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, ба рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо маром идома дошта, сохтмончиён кӯшиш доранд, ки онро дар муҳлатҳои муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Раиси вилоят ба масъулон ва сохтмончиён дастур доданд, ки ҳангоми бунёди иншоот аз масолеҳи босифат истифода бурда, меъёрҳои муосири сохтмонро пурра риоя намоянд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки муҳайё намудани шароити замонавӣ барои таълиму тарбияи насли наврас бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта бошад.

Бо чунин иқдомҳои созанда ва бунёдкорона сокинони ноҳияи Вахш истиқболи ҷашни муҳими миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ пешвоз гирифта, дар ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles