ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ КОРХОНАИ «ХИШТИ ХАТЛОН» ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Имрӯз, 17 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи «Хишти Хатлон» аз наздик шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Хишти Хатлон» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкори чинӣ Хан Шифун, ба маблағи 14,5 миллион сомонӣ соли 2025 бунёд мегардад. Сохтмони корхона бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шуда, пас аз ба истифода додан имконият фароҳам меорад, ки талаботи бозори дохилӣ ба масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла хишт, то андозае таъмин гардад.

Қайд гардид, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол то 960 ҳазор дона хиштро ташкил дода, барои рушди соҳаи сохтмон ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ҳамзамон, бо ба фаъолият оғоз намудани корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулон ҷиҳати риояи сифату стандартҳои сохтмон, сари вақт ба анҷом расонидани корҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар заминаи сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ гардида, барои рушди иқтисоди маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles