ИФТИТОҲИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБИ «МУСОИ ШИРИН» ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Имрӯз, 17 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар якҷоягӣ бо директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Симон Ҳоллема дар ноҳияи Вахш пойгоҳи обкашии Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Мусои Ширин»-ро, ки барои обёрии 975 гектар замин пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншооти муҳими гидротехникӣ дар деҳаи Янгиариқи ҷамоати шаҳраки Зарнисор ҷойгир буда, барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ аҳамияти калон дорад.

Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти пойгоҳи обкашӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ тибқи шартнома аз 10 ноябри соли 2025 оғоз гардида, моҳи апрели соли 2026 ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани пойгоҳи мазкур дар маҷмӯъ 975 гектар замин, аз ҷумла 630 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, 300 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ дар 7 деҳа ва 45 гектар заминҳои ёрирасон бо оби полезӣ таъмин мегарданд.

Тибқи маълумот, пойгоҳи обкашӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, дорои нишондиҳандаҳои техникии зерин мебошад: соли барориши таҷҳизот — 2020, тамғаи насос — 16 НДВ, маҳсулнокӣ — 1200 метри мукааб дар як сония, тамғаи электродвигател — 200/1000, диаметри қубур — 800 миллиметр ва дарозии хатти қубур — 110 метрро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинон ва кишоварзон иброз доштанд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, мавсуф мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи самараноки замин ва ҳифзи захираҳои об даъват карданд.

Дар идома таъкид гардид, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овардааст, ки чунин иншооти муҳим бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум мунтазам беҳтар гардад. Ҳамчунин, раиси вилоят таъкид намуданд, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва илмомӯзӣ тарбия намоянд.

Ифтитоҳи пойгоҳи обкашии «Мусои Ширин» қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори обёрӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ноҳияи Вахш ба ҳисоб рафта, барои истифодаи самараноки замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles