Имрӯз, 17 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш аз рафти корҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди малахи марокашӣ дар деҳаи Калташури мавзеи Машъал боздид намуданд.
Зимни боздид масъулони соҳа иттилоъ доданд, ки бо мақсади пешгирӣ ва несту нобуд намудани малах аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, идораи экспедитсияи мубориза бар зидди малах, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, хоҷагиҳои чорводорӣ ва сокинон як қатор чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд.
Қайд гардид, ки пайдоиши малах дар соли ҷорӣ аз 9 март ба қайд гирифта шуда, то имрӯз дар минтақаҳои кӯҳӣ дар масоҳати умумии 1690 гектар мушоҳида шудааст. Аз ин миқдор дар 1685 гектар корҳои коркард ва безараргардонӣ анҷом дода шуда, тадбирҳои иловагӣ барои пурра маҳв намудани манбаъҳои боқимонда идома доранд.
Барои тақвияти корҳои мубориза бар зидди малах имрӯз бо ҷалби сокинон, фаъолон ва сарбозони қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода техника ва воситаҳои зарурӣ сафарбар гардидаанд. Аз ҷумла, 6 адад трактор бо таҷҳизоти махсус (ОВЕХА), 2 адад автомашинаи навъи “Тойота”, 2 адад автомашинаи обкаш, 12 мототсикл ва 47 адад таҷҳизоти дастии дорупошӣ дар корҳои безараргардонӣ истифода бурда мешаванд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби экспедитсияи мубориза бар зидди малах дар ноҳия то имрӯз 275 литр заҳрхимикат дастрас гардида, ҳамарӯза барои коркарди мавзеъҳои осебпазир истифода мешавад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо рафти корҳо ба масъулон дастур доданд, ки назорати доимӣ аз болои вазъият пурзӯр гардида, истифодаи самараноки техника ва маводи кимиёвӣ таъмин карда шавад. Таъкид гардид, ки пешгирии саривақтии паҳншавии малах барои ҳифзи ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Инчунин, ба масъулон супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ вусъат ёфта, ҳамкории зич миёни сохторҳои дахлдор таъмин карда шавад, то ки хатари паҳншавии ҳашароти зараррасон пурра бартараф гардад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

