ХАТЛОН. 2 048 650 СОМОНӢ БАРОИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР СОЛИ 2026

ХАТЛОН. 2 048 650 СОМОНӢ БАРОИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР СОЛИ 2026

Бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳаҷми мукофотпулӣ барои ҳавасмандии ғолибони даври вилоятии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Шоҳномахонӣ” дар соли 2026 ба таври назаррас афзоиш дода шуд.

Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 январи соли 2026 барои донишҷӯён, хонандагон, омӯзгорон, ашхоси синну соли гуногун, ки дар даври вилоятии озмунҳо ғолиб мешаванд ва хароҷоти иловагӣ 2 048 650 сомонӣ ҷудо шудааст, нисбат ба соли гузашта 190 650 сомонӣ зиёд аст.

Дар асоси қарори раиси вилоят барои баргузор намудани даври вилоятии Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 593 100 сомонӣ, “Илм – фурӯғи маърифат” 802 050 сомонӣ, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 632 900 ва “Шоҳномахонӣ” 200 600 сомонӣ муайян гардидааст.

Барои барандагони ҷойи якум 6000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 7200 сомонӣ (барои ду ҷой) ва ҷойҳои сеюм 7200 сомонӣ (барои 3 ҷой) ва омӯзгорон 2400 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифи вилоят таъмин гардида, соли таҳсили 2024-2025 – 3527 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд ва 1711 медал (аз ҷумла, 217 медали тилло, 372 медали нуқра ва 1122 медали биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли таҳсили қаблӣ 724 медал (ё 174 %) зиёд мебошад.

Соли 2025 довталабони вилоят дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки самараи сиёсати фарҳангӣ, маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва дастгирии наврасону ҷавонон мебошад, роҳ ёфта, соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 7 ҷойи якум, 17 ҷойи дуюм ва 40 ҷойи сеюм гардиданд.

Қобили зикр аст, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 дар қаламрави вилояти Хатлон “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст. Ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрантҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, косибон, кишоварзон, нафақахӯрон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles