ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ДАР ДЕҲАИ РАХШОНЗАМИНИ ДЕҲОТИ КОРЕЗИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии Шукронаро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 3 ошёна ва 20 ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад ва барои 400 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар бинои асосии муассиса ҳуҷраҳои тадбирҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, толори бозии кудакон, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст.

Масоҳати умумии иншооти таълимӣ 800 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари муассиса майдончаи варзишӣ сохта шудааст. Саҳни бино пурра сафолакпӯш гардида, атрофи он бо гулу дарахтони сояафкан оро ёфтааст.

Иншооти соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд гардида, ҳамчунин, дорои нуқтаи гармидиҳӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли ҷорӣ оғоз гардида, дар мудати 9 моҳ бо сифати баланд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ сохта шудааст.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбият намудани насли ояндасози миллат ба омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бунёди чунин бинои наву замонавӣ дар ноҳияи Данғара туҳфаи арзишманд аз ҷониби Роҳбари давлат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия арзёби карда шуд.

Related Articles