ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 май дар Хатлон бо иштироки 25 оилаи намунавӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар озмун оилаи Абдулҳай Сатторов аз ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи якум, оилаи Амирхон Саидзода аз ноҳияи Ховалинг сазовори ҷойи дуюм ва оилаи Маҳмадалӣ Баҳодиев аз ноҳияи Хуросон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Иброз гардид, ки оила мактаби ибтидоии инсонӣ, пояи ахлоқ ва маданияти ҳар миллат мебошад. Таъмини суботи ҷомеа ва рушду нумӯи давлат аз сиҳатмандии равонӣ ва ахлоқии хонавода сарчашма мегирад.
«Озмуни «Оилаи беҳтарин» на танҳо ҳамоиши фарҳангӣ, балки шеваи зинда ва таъсирбахши таблиғи арзишҳои оиладорӣ ва масъулияти иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир аст»,-иброз гардид зимни баргузории озмун.
Ғолибони даври вилоятӣ ва як зумра фаъолзанон бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.
Озмун аз се давр иборат буда, ҳамасола давоми моҳҳои апрел ва май баргузор мегардад.
Даври якум дар деҳа, ноҳия ва шаҳрҳо нимаи аввали моҳи апрел, даври дуюм дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нимаи дуюми моҳи апрел ва даври сеюм дар шаҳри Душанбе дар Рӯзи байналмилалии оила- 15 май бо иштироки ғолибони даври якум ва дуюм баргузор мешавад.