ХАТЛОН: АЁДАТИ МОДАРИ 104-СОЛА ВА СОБИҚАДОРЕ, КИ 62 СОЛ ИНҶОНИБ ОМӮЗГОР АСТ

ХАТЛОН: АЁДАТИ МОДАРИ 104-СОЛА ВА СОБИҚАДОРЕ, КИ 62 СОЛ ИНҶОНИБ ОМӮЗГОР АСТ

Имрӯз, 7 март, ба муносибати Рӯзи модар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо якчанд нафар собиқадорони меҳнат мулоқот анҷом дода, заҳмати бисёрсолаи онҳоро дар пешрафти соҳаҳои гуногун, тарбияи фарзандони нек ва саҳми арзандаашон дар рушду ободии кишвар қадрдонӣ намуданд.

Нахуст, раиси вилоят дар шаҳри Бохтар омӯзгори собиқадор Латофат Сироҷоваро аёдат намуданд. Ӯ аз шахсиятҳои шинохтаи соҳаи маориф буда, тӯли 62 сол инҷониб дар тарбияи насли наврас ва такмили донишу малакаи омӯзгорон саҳми назаррас гузоштааст.

Латофат Сироҷова ҳамчун устоди варзидаи Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Бохтар шинохта мешавад.

Заҳматҳои пайвастаи ӯ дар омода сохтани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф, боло бурдани сифати таълим ва тарбияи насли худшинос, ватандӯст ва созанда шоистаи қадрдонист.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгори собиқадор аз таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба омӯзгорон ва аҳли зиёи мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки минбаъд низ ба қадршиносӣ ва дастгирии чунин шахсони хизматнишондода диққати махсус хоҳанд дод.

Дар идомаи рӯз раиси вилоят сокини 104-солаи шаҳри Бохтар Ӯғлой Саидуллоеваро аёдат намуданд. Гуфта шуд, ки ӯ умри худро ба заҳмати софдилона бахшида, барои ободии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло – Бохтар) ва рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми босазо гузоштааст.

Ӯғлой Саидуллоева яке аз он шахсиятҳоест, ки дар азхудкунии водии Вахш ва бунёди канали зарбдори Вахш иштирок карда, бо меҳнати софдилона ба рушди деҳқонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саҳм гузоштааст. Гуфта шуд, ки ин модари мушфиқ то 93-солагӣ ба кишоварзӣ машғул гардида, бо меҳнати ҳалоли худ фарзандони худро ба камол расонидааст.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни аёдат ба нақши занон дар пешрафти ҷомеа ишора намуда, саҳми модаронро дар тарбияи инсони комил, таҳкими ваҳдат ва рушди ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар идома раиси вилоят аз ҷараёни таъмиру навсозии Варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтаро боздид намуданд.

Ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии варзишгоҳ ба масъулин маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар яке аз иншооти муҳим барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани футбол нақши муҳим дорад. Бо анҷоми пурраи таъмиру навсозӣ, он имконияти бештари фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон ва дӯстдорони варзишро фароҳам хоҳад овард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles