Ин корхона бо ибтикори соҳибкори ҷавон Рустам Мӯсоев дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти «Калинин» бунёд гардидааст.
Таҷҳизоти қандбарорӣ аз Ҷумҳурии Туркия оварда шуда, дар он дар як шабонарӯз то 10 тонна қанди сафед истеҳсол мегардад.
Бунёди чунин коргоҳҳо ба паст гардидани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки бо назардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд. Натиҷаи ин аст, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992 4,6 баробар афзуда, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда танҳо дар ҳафт соли охир 2,4 баробар зиёд гардид.
Имрӯзҳо саноати ватанӣ ҳамчун неруи азими пешбаранда дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дошта, дар ин самт ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузург барои рушди низоми инноватсионии саноати миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Сиёсати созанда ва амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои ин соҳа сабаб гардид, ки ҷиҳати таъмини гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронида давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бо ҳазорон ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифтанд.
“Ховар”