САНОАТ: НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СОЛИ 2024
Соли 2024 дар вилояти Хатлон ба маблағи 12,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 – 903,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 10 банди фоизиро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ 23,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳаҳои истихроҷ – 680,8 миллион сомонӣ (135,6%), коркард – 6,85 миллиард сомонӣ (105,0%), барқ – 4,87 миллиард сомонӣ (99,4%) ва соҳаи таъминоти об – 64,4 миллион сомониро (125,1%) ташкил медиҳад.
Аз ҷониби соҳибкорон 89 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки шумораи умумии онҳо ба 874 адад расид.
Соли сипаришуда аз 185 номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда ҳаҷми истеҳсоли 140 номгӯй (75,6%) афзуда, истеҳсоли 15 номгӯи маҳсулоти нав (гугирд, собуни мушкӣ, мотосикл, скутерҳои барқӣ, гаҷкартон барои шифт, кранҳо барои сохтмони биноҳо ва газаблок) ба роҳ монда шуд.
Соли 2024 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оид ба то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ 14597,7 тонна ресмони пахтагин, 6679,8 тонна ришта, 1,4 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, 4,0 миллион метри мураббаъ трикотаж, 2,2 миллион ҷуфт ҷӯробу пайпоқ, 132,2 ҳазор метри мураббаъ матои нобофта, 35,4 ҳазор метри мураббаъ адрас, 2,5 миллион дона футболка истеҳсол шудааст. Аз вилоят ба маблағи 159,6 миллион доллар маҳсулоти саноатӣ содирот шудааст.