Рӯзи 13 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кориашон дар ноҳияи Дӯстӣ ба фаъолияти корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз тарафи ҶДММ «Ғолибҷон Холов» корхонаи сангу шағал ва истеҳсоли бетон сохта шуда, майдони умумии корхона ба микдори 1,32 гектар, шумораи коргарон 12 нафар мебошад.
Маблағи умумии сарфшудаи сохтмон 10 миллион сомонӣ буда, сохтмонаш аз моҳи марти соли 2024 оғоз гардида, дар моҳи декабр ба истифода дода шуд. Ҳамаи таҷҳизот аз давлати Чин харидорӣ карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадами устувор гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва рақобатпазирии он мусоидат намояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон